Нигаҳбонони тартиботро дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони англисӣ ва риояи одобу муошират бо сайёҳони хориҷӣ уҳдадор карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба кормандони милитсияи машғул ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур додааст, ки барои риояи одоби суҳбат бо сайёҳон забони англисӣ омӯзанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, баъди аз ҷониби Сарвари давлат эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ, вазир ба кормандони милитсия супориш додааст, ки забони англисиро омӯзанд, то ки дар суҳбату гуфтугӯ бо шаҳрвандони хориҷӣ душворӣ накашанд.

«Онҳо бояд забони англисиро аққалан дар сатҳи оддӣ донанд, яъне аз уҳдаи бо чӣ гуна суханон гуселу пешвоз гирифтан ва ба шаҳрвандони хориҷӣ фаҳмонида тавонистани дарёфти суроғаи зарурӣ бароянд», - қайд карда Умарҷони Эмомалӣ.

Машғулиятҳои забони англисӣ барои кормандони милитсия мувофиқи ҷадвал дар рӯзу соатҳои муайян гузаронида шуда, онҳо уҳдадоранд, ки дар вақти холигӣ аз хизмат дар машғулиятҳо иштирок кунанд.

«Аксари кормандони мо бо забони русӣ гуфтугӯ мекунанд ва хеле хуб мешуд, агар онҳо натанҳо забони англисиро фаҳманд, балки бо сайёҳони хориҷӣ бо ин забон суҳбат карда тавонанд», - илова намуд котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.