Маҳфили эҷодии Темур Зулфиқоров, нависандаи барҷастаи русзабони тоҷик таҳти унвони «Миндаль в снегу» (Бодом дар барф) рӯзи 24 феврал дар Театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе доир мегардад. Дар маҳфил китоби нави адиб бо забони тоҷикӣ «Чойхонаи лаби ҷар» муааррифӣ мешавад.

Шоми эҷодии шоиру нависандаи тоҷику рус Темур Зулфиқоров шоми рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта дар Театри ба номи Лоҳутӣ баргузор мешавад. Дар чорабинӣ шеъру тарона ва ҳикояҳои тамсилии нави адиб манзур мегардад.

Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи хатмкардаи Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкий аст.

Шоир, нависанда ва драматурги  тоҷик Темур Зулфиқоровро дар Ғарб “Дантеи адабиёти рус” меноманд ва асарҳояш ба даҳҳо забони олам тарҷума шудааст. Муаллифи бештар аз 20 асари назмиву  насрӣ буда, теъдоди нашри китобҳояшро аз 1 миллион нусха бештар арзёбӣ мекунанд.

Темур Зулфиқоров муддати тӯлонӣ дар шаҳри Маскав кору иқомат дошт. Айни замон ӯ дар Душанбе зиндагӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.