Ду ҳунарманди ҷавони тоҷик дар поёни ин ҳафта бо ҳунарнамоии худ дар озмунҳои телевизионии Русия ҳамаро ба ҳайрат оварданд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили "Ахбор", Рустамов дар ин ҳафта дар озмуни "Песни” дар шабакаи телевизионии ТНТ бо таронаи "All of me”-и Ҷон Стивенс ва Тоби Гад мавҷи кафкӯбиҳоро ба бор овард.

Ҳунарнамоии ин хонандаи тоҷик дар озмуни ТНТ фарқ мекунад. Ин шабакаи телевизионӣ бо саҳнаҳои пурмасхарааш дар бораи тоҷикону муҳоҷирони тоҷик ном бароварда буд, ки як намунаи аз ҳама ангуштнамояш ҳамон барномаи "Наша Раша” дар бораи Равшану Ҷамшуд буд.

Ва инак, бори аввал дар шабакаи ТНТ ба ҷои масхараи тоҷикон бо шарофати ҳунарнамоии хеле олии Даниел Рустамов ба ҳунари мардуми тоҷик каф кӯфтанд, ки ин ҳам хеле рамзӣ аст.

"Невероятная мощь! Красавица Мехрона из Таджикистана впечатлила судей своим супервокалом” ("Қудрати боварнокарданӣ! Меҳронаи зебосанам аз Тоҷикистон ҳакамонро бо овози фавқулоддааш тасхир кард”) - чунин ном кардааст шабакаи телевизионии НТВ гузориши худ дар бораи ҳунарнамоии овозхони ҷавони тоҷик Меҳрона Ғайбуллоеваро дар озмуни "Ты – супер!”.

Баъди онки ҳакамон ӯро ба даври баъдӣ роҳ доданд, Меҳрона домани гиряро сар дод, вале гуфт, ин ҳама ашки шодӣ аст, ки беихтиёр ҷорӣ шуданд. Меҳрона Ғайбуллоева 17 сол дошта, тавассути хабаргузории "Спутник” ба озмуни "Ты – супер!” пешниҳод шудааст.