Аз 3 март то 1 апрел дар толори Сирки давлатии шаҳри Душанбе намоишномаи сирки «Браво»-и шаҳри Маскав баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сирки давлатии Душанбе хабар доданд, сирки Маскав дар кишвари мо намоишномаи махсус пешниҳод мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар толори сирки Тоҷикистон дорбозону акробатҳо, найрангбозону масхарабозон, гимнастҳо ва ҳамчунин ҳайвоноти ромшуда, аз қабили палангу тимсоҳ, мору саг, буз ва ғайра ҳунарнамоӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки сирки «Браво» бо ин барнома ба ҷоизаҳои гуногуни фестивалҳои байнулмилалӣ соҳиб шудааст.

Намоиши аввали ҳунармандони сирки «Браво» санаи 3 март доир гардида, билетҳоро аз кассаҳои Сирки давлатӣ дарёфт кардан мумкин аст. Арзиши билетҳо - аз 40 то 60 сомонӣ буда, барои кӯдакони синни то 3-сола даромадан бепул аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.