Дар қатори дигар гузаргоҳҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон гузаргоҳи сарҳадии “Ҳаштияк-Бекобод”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен низ рӯзи 1 марти соли 2018 расман боз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар чорабиние, ки ба муносибати ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадӣ доир шуд, муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, муовини якуми раиси вилояти Тошканд Алимардон Қаршиев, роҳбарияти ноҳияҳои ҳаммарзи Зафарободу Бекобод ва теъдоди зиёди сокинон иштирок карданд.

1/7

Гуфта мешавад, намояндагони вилоятҳои Суғду Тошканд зимни суҳбат дар ҳузури сокинони минтақаҳои ҳаммарз аз бозшавии гузаргоҳҳои сарҳадӣ истиқбол намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки минбаъд робитаҳои дуҷониба густариш хоҳад ёфт.