Корҳои беҳбуди зербинои роҳҳои мошингард дар шаҳри Душанбе идома доранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати сохтмони шаҳрдории Душанбе хабар дод, ояндаи наздик як қитъаи роҳи мошингарди хиёбони Саъдии Шерозӣ - аз кӯчаи  Неъмат Қаробоев то хиёбони Ҷаббор Расулов васеъ карда мешавад.

«Таъмиру навсозии қитъаи роҳи мазкур дар доираи иҷрои Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ шуда, охири сол ба итмом мерасад. Сокинони манзилҳое, ки бар асари васеъшавии роҳ хонаҳояшон кӯчонида мешавад, бо хоҳиши худашон метавонанд ба ивази он манзили нав ё ҷубронпулӣ гиранд», - гуфт манбаъ.

1/5

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба оғози сохтмони эстакадаи сесатҳа аз 26 феврал ҳаракати нақлиёт тавассути чорроҳаи маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе қатъ шуда, нақлиёти ҷаъиятии бо ин роҳ равуодошта акнун бо роҳҳои ҳамшафати ин мавзеъ ҳаракат мекунад.

Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 2018 дар маҳаллаи Қарияи Боло қомат афрохта буд, ба мавзеи корпусҳои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад. Дар ҷойи муҷассама сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки амалисозии лоиҳаи ба ин монанд охири моҳи июли соли 2016 аз ҷониби ширкати чинии Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd дар маҳаллаи 82-уми пойтахт оғоз гардид.

Мувофиқи лоиҳаи сохтмони кӯчаҳои нав дар шаҳр, ки барои аз сарбории зиёди ҳаракати воситаҳои нақлиёт халос кардани роҳҳо нигаронида шудааст, ояндаи наздик роҳи давр зада гузаштани «Дарвозаҳои ғарбии Душанбе - маҳаллаи Чортут» бо масофаи 7,3 километр бунёд мешавад, ки минтақаи ғарби шаҳрро тариқи Боғи миллии Тоҷикистон бо маҳаллаи «Политехникум» пайваст мекунад.

Роҳи дигари нав бо масофаи 1 километр маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахтро бо майдони Ғалаба, мавзеи маъруф миёни аҳолӣ ба истилоҳи «танка» пайваст мекунад.

Боз як роҳи нав байни кӯчаи Соҳилӣ ва кӯчаи Ганҷавӣ аз пули болои дарёи Душанбе дар мавзеи МТН «Шарқи озод» то Кӯли ҷавонон низ сохта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.