Дар доираи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон як ҳайати бузурги кишвари ҳамсоя, аз ҷумла роҳбарон ва ходимони ҷамъиятии ноҳияҳои наздисарҳадӣ  ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд.

Дар гузаргоҳи назоратии «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода рӯзи 8 март зери навои карнайу сурнай ва бо рақсу суруд раиси вилояти ҳамсояи Сурхондарёи Ӯзбекистон Эркин Турдимовро ботантана пешвоз гирифтанд.

Раиси вилояти ҳамсоякшварро роҳбарон ва фаъолони шаҳри Турсунзода таҳти сарварии раиси шаҳр Абдуқодир Вализода истиқбол намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон ба ин вохӯрӣ ҷиддӣ омода шуда буд. Толибилмон ва ҳунармандони маҳаллӣ аз субҳ меҳмони олиқадрро дар сарҳад интизор буданд. Гузаргоҳҳои сарҳадӣ бошанд, кори худро қатъ накарда, одамонро ба ҳарду тарафи сарҳад роҳ медоданд.

1/15

Хариду фурӯш низ идома дошт. Як қуттӣ тухми Ӯзбекистон 16-17 сомонӣ фурӯхта мешуд. Баъди гузаштан аз сарҳад маҳсулотро савдогарони Тоҷикистон дарҳол харидорӣ мекарданд. Аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя кӯчати гулу ниҳолҳои дарахтон бурда мешуд.

Дар қаламрави Тоҷикистон раиси вилояти Сурхондарёро бо нону асал пешвоз гирифтанд. Турдимов дар шаҳри Турсунзода дер наистода, ба самти Душанбе раҳсипор шуд.

Дар қаламрави Тоҷикистон сокинон хеле зиёд дар ҳаққи ӯ кафкӯбӣ карда, бо парчаму гулҳо ӯро гусел карданд. Ҳама интизори як чизи наве фараҳбахшу дигаргунии куллӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.