Дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар маҷмааи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кор шурӯъ намуд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Сарварони давлати Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ширкат варзида, баргузории чунин чорабиниҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

1/20

Асосан ширкатҳои ҷумҳурии ҳамсоя 60 намуди техника, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фарматсевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, чарм, мебел, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маиширо ба маъраз гузоштанд.