Дар Русия ҳанӯз соли 2015 рӯйхати касбҳои серталабтарин тасдиқ шуда буд, ки шахсони дорои чунин касбҳо бо тартиби соддашуда шаҳрвандии Русияро гирифта метавонанд. Muhojir.news.tj тасмим гирифт, ки бори дигар ин рӯйхатро хотиррасон намуда, гирифтани шаҳрвандии Русия бо тартиби соддашударо шарҳ бидиҳад.

Нахуст ёдрас мекунем, ки байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи душаҳрвандӣ созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расида, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд шаҳрвандии Русияро қабул намуда, аз шаҳрвандии Тоҷикистон низ даст накашанд.

Касоне, ки дорои касбҳои барои Русия зарурӣ мебошанд, метавонанд ба он довталабӣ кунанд, ки шаҳрвандии Русияро бо тартиби соддашуда гиранд.

Номгӯи касбҳо моҳи июли соли 2015 тасдиқ шуда, ба он 74 касбу ихтисос шомил шудаанд, ки тамоми рӯйхатро дар хотимаи ин мавод манзуратон мегардонем.  

Ҳамин тариқ дар Русия мехоҳанд, ки мушкили норасоии мутахассисон дар бозори меҳнатро ҳал кунанд. Ба ҳадаф расиданашон тӯли ин солҳо маълум нест, шояд барои ин вакти зиёдтар лозим бошад.

Бо назардошти ин рӯйхат, масалан ба имтиёз зимни гирифтани шаҳрвандӣ табибон, муҳандисон, челонгарон, коргари ихтисоси гуногуни дастгоҳҳо, насбгарони барқ, ҳамчунин математикҳо ва иқтисодчиён умедворӣ карда метавонанд.

Мувофиқи банди «и» моддаи 14 ҚФ №62 «Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Россия», қоидаи асосӣ ин аст, ки онҳо тибқи ихтисос бояд 3 сол қонунӣ кор карда, дар ин давра корфармо аз номи онҳо ба Фонди суғуртаи Русия пардохтҳои суғуртавӣ анҷом диҳад ва сатҳи касбии мутахассисони хориҷӣ бояд ба меъёрҳои касб дар Русия мутобиқат кунад.

Агар шумо ба ин талаботҳо ҷавобгӯ бошед, тибқи тартиби соддашуда шаҳрвандии Русияро дархост ва дар муддати 1 сол онро гирифта метавонед. Дар ҳамин ҳол, шумо ҳамон расмиёт бо тартиби умумиро анҷом медиҳед. Яъне шумо бояд Иҷозати зисти муваққатӣ (РВП) гиред, ки барои ин ба шумо аллакай квота лозим намешавад, сипас Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) гирифта, баъд шаҳрвандиро дархост намоед. Шояд барои ин каме бештар аз як сол лозим шавад, вале ба ҳар ҳол ин нисбати тартиботи умумӣ камтар аст. Шуморо навбатпоӣ барои дастрас кардани квотаи РВП лозим намеояд.

Ягона чизе, ки шумо бояд бидонед, ин аст, ки тамоми муддате 3 соли коратон дар Русия шумо бояд ба таври қонунӣ кор кунед.

Тибқи таҷрибаи маъмулӣ, довталаб ба гирифтани шаҳрвандӣ баъди ба Русия омадан нахуст худро ба қайд гузошта, барои кор патент мегирад. Сипас ӯ Иҷозати зисти муваққатӣ (РВП) гирифта метавонад, ки ба кору зиндагӣ ба муддати 3 сол ҳуқуқ медиҳад. Баъди гузашти ин муҳлат шаҳрванди хориҷӣ ба гирифтани Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) дархост пешниҳод карда метавонад. Агар онро гирад, бояд дар Русия боз 5 сол якзайл зиндагӣ кунад.

Танҳо баъди анҷоми ҳамаи расмиёти зикршуда ӯ метавонад ба гирифтани шаҳрвандии Русия довталабӣ намояд. Мебояд ба инобат гирифт, ки расмиёти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва интизории посух аз Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия аз рӯи ҳамаи ин бандҳо маъмулан аз 3 то 10 моҳ давом мекунад.

Дар поён номгӯи касбҳоеро меорем, ки бо фармони вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия тасдиқ шудааст. 

Номгӯи касбҳо (ихтисос, вазифаҳо)

1.         Момодоя (Акушерка)

2.         Табиб-байтор

3.         Табиб

4.         Табиби бунгоҳи тиббӣ

5.         Табиб-кардиоревматолог

 6.        Табиб-корманди озмоишгоҳ

7.         Табиби таҷрибаи умумӣ (оилавӣ)

8.         Табиб-педиатр

9.         Табиби шуъбаи қабулгоҳ

10.       Табиб-равоншинос

11.       Табиб-мутахассис

12.       Табиб-оморшинос

13.       Табиб-терапевт

14.       Табиб-фтизиатри қитъа

15.       Кафшергари газӣ

16.       Сармуҳандиси лоиҳа

17.       Сарметаллург

18.       Директор оид ба иқтисод

19.       Муҳандис-тарҳкаш

20.       Муҳандиси низоми автоматии идоракунии истеҳсолот

21.       Муҳандиси ҷорисози техника ва технологияи нав

22.       Муҳандис оид ба истихроҷи нафту газ

23.       Муҳандис оид ба ҳифзи маълумот

 24.      Муҳандис оид ба сифат

25.       Муҳандис оид ба дастгоҳҳои назорату андозагирӣ ва автоматика

26.       Муҳандис оид ба метрология

27.       Муҳандис оид ба назорати сохтмон

 28.      Муҳандис оид ба васл ва озмоишҳо

29.       Муҳандис оид ба ташкили идоракунии истеҳсолот

30.       Муҳандис оид ба омодасозии истеҳсолот

31.       Муҳандис оид ба кафшергарӣ

32.       Муҳандис-лоиҳакаш

 33.      Муҳандис-технолог

34.       Муҳандис-барқчӣ

35.       Математик (Риёзидон)

36.       Ҳамшираи шафқат

37.       Ҳамшираи шафқат оид ба ҷарроҳӣ

38.       Ҳамшираи шафқати муолиҷа

39.       Техники тиббии озмоишгоҳ

40.       Насбгари сохторҳои пӯлодӣ ва оҳану бетонӣ

41.       Насбгари низомҳои санитарӣ-техникӣ ва таҷҳизот

42.       Насбгари низомҳои ҳавософкун, нақлиёти фишоровар ва аспиратсия

43.       Насбгари қубурҳои технологӣ

44.       Насбгари таҷҳизоти технологӣ ва сохторҳои марбут ба он

45.       Васлгари дастгоҳҳо ва маниупуляторҳо бо идоракунии барномавӣ

46.       Провизор

47.       Рентгенолаборант

48.       Васлгари сохторҳои киштиҳои металлӣ

 49.      Кафшергари панҷараҳои арматурӣ ва қолибҳо

50.       Челонгари васли сохторҳои металлӣ

51.       Челонгари васли дастгоҳҳои парвозкунанда

52.       Челонгари корҳои сохтмон

 53.      Челонгар оид ба таъмири киштиҳо

54.       Коргари дастгоҳи коркарди чӯб

55.       Таъмиргари сохторҳои киштӣ

56.       Техник оида ба пармагарӣ

 57.      Техник оид ба васл ва озмоишҳо

58.       Техник-технолог

59.       Харрот

60.       Харроти чархофалакҳо

 61.      Мутахассиси дастгоҳи харротӣ

 62.      Мутахассиси қубурҳои киштӣ

63.       Дорусоз

 64.      Фелдшер-лаборант

65.       Рандагар

66.       Суфтагар

67.       Устои барқи қитъа

68.       Устои барқи насб дар шабакаҳои ноқилӣ

69.       Устои барқи насб дар шабакаҳои равшанидиҳанда

70.       Устои барқи киштӣ

71.       Устои барқи таъмири хатҳои ҳавоии интиқоли барқ

 72.      Устои барқи истифодаи шабакаҳои тақсимот

73.       Кафшергари барқ дар мошиноҳои автоматӣ ва нимаавтоматӣ

74.       Челонгари барқ дар сохтмон