Агар намояндаи мақомоти ваколатдори Русия қарор кунад, ки симои хориҷии ба кишвар воридшаванда шубҳанок асту ӯ ба амалҳои ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қодир аст, ин метавонад барои манъи вуруд асос шуда тавонад. Ҳарчанд қоидаи ба ин монанд кайҳост, ки дар қонунгузории Русия вуҷуд дорад, вале он аҳёнан истифода мешуд.

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқшиносон эҳтиёткорӣ тавсия дода, мегӯянд, беҳтараш то анҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 аз сафар ба ин кишвар худдорӣ варзидан лозим аст, хабар медиҳад Muhojir.news.tj.  

Дар бораи маълумоти эҳтимоли ба наздикӣ истифодаи қоидаи нав нашрияи «Известия» хабар медиҳад. Дар маълумот қайд мешавад, ки рӯйхати асосҳо барои манъи вуруд ба Русия аз ҳисоби хориҷиён, ки ба мусоидат ба созмонҳои террористӣ гумонбар дониста мешаванд, имкони зиёд шудан дорад. Дар Русия номгӯи онҳо бар асоси маълумоти Покуратураи генералӣ, Кумитаи тафтишот, Вазорати адлия, Хадамоти федералии амният ВКД ва ВКХ таҳия мегардад.

Тавсияҳои марбута дар посухи ҳукумат доир ба тағйирот ба қонун «Дар бораи тартиби хориҷ шудан аз ФР ва вуруд ба ФР», ки аз ҷониби вакилон аз «Единая Россия» пешниҳод шудааст, зикр гардидааст.

Дар моддаи 26 қонуни Русия «Дар бораи тартиби хориҷ шудан аз ФР ва вуруд ба ФР» 5 сабабе зикр шудааст, ки тибқи онҳо ба шаҳрванди хориҷӣ вуруд ба Русия манъ мешавад.

1) вайрон кардани қоидаи убури сарҳад, 2)маълумот дар бораи дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ дар бораи худ ё ҳадафи ҳузур, 3) чандин бор ҷалб шудан ба ҷавобгарии маъмурӣ, 4) риоя накардани қоидаҳо дар сафари пешина ва ҳамчунин 5) иштирок дар фаъолияти созмони ғайриҳукуматии байнулмилалӣ, ки ҳузураш дар қаламрави  Русия номатлуб аст.

Дар видеоблоги худ дар Ютуб ҳуқуқшинос Роман Степанов қайд мекунад, ки акнун идораҳои Русия, аз ҷумла ВКД, ХФА ва ВКХ ба истифодаи шакли нави манъи вуруд барои шаҳрвандони хориҷӣ ваколат доранд.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, ҳарчанд ин шакли комилан нави манъ набошад ҳам, вале пештар дар таҷриба кам истифода мешуд. То кадом андоза он оммавӣ хоҳад шуд, дар арафаи оғози Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол возеҳтар мешавад.

«Зери дин манъкунӣ ҳамаи шаҳрвандони хориҷиро, ки Русия онҳоро ба содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ гумонбар дониста метавонад, фаро гирифта метавонад. Ин ҷо натанҳо қонуншиканиҳои содиршуда дар Русия, балки дар берун аз ҳудуди он ҳам ба инобат гирифта мешаванд», - шарҳ медиҳад Степанов.

Қонуншикан ба туфайли ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо мақомоти дигар кишварҳо ва табодули маълумот бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ муайян карда мешавад. Шартан ин шахсонро метавон ба се гурӯҳ тақсим намуд:

1. Мухлисоне, ки қаблан худро аз ҷиҳати манфӣ нишон додаанд.

2) Тамошобиноне, ки ба Чемпиоанти ҷаҳон омадаанду ба ташкилотҳои фанатҳо дохил намешаванд, лекин пештар барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

3) Шаҳрвандони хориҷӣ, ки Русия онҳоро ба эҳтимолан содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ дар давраи баргузории Чемпионати ҷаҳон дар Русия гумонбар медонад.

«Гурӯҳи охирро метавон омавитарин номид. Киро метавонанд ба эҳтимолан содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ гумонбар кунанд, маълум нест. Дар ин робита Русия ба шумори зиёди шаҳрвандони хориҷӣ вурудро манъ карда метавонад. Қарори муҳлати манъи вурудро мақомоти ин манъро ҷорикарда қабул карда метавонад», - қайд мекунад ҳуқуқшинос.    

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр мекунад, ки ин амал қонунӣ буда, қонунгузории амалкунандаи Русия низ  ба мақомоти ваколатдор ин ҳуқуқро медиҳад ва аз лиҳози ақли солим ҳам ин тадбир мувофиқи мақсад аст, зеро чорабинӣ бузург буда, вазъ дар ҷаҳон ноустувор аст ва давлат ба интихоби ҳама гуна шакли муҳофизат ҳуқуқ дорад.

«Табиист, ки чунин тадбир бояд ба шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи шикоят аз болои ин қарорро низ бояд диҳад ва ин комилан имконпазир аст, агар саривақт муроҷиат шавад», - қайд мекунад ӯ.

Дар ин робита ба шахсоне, ки дар давраи аз моҳи май то июл, бахусус замони баргузории чемпионат  ба Русия сафар карданианд, тавсия дода мешавад, ки дар сомонаи СРММ ВКД Русия худро бисанҷанд, ки дар рӯйхати манъи вуруд ҷой надошта бошанд, ҳарчанд маълумот дар ин сомона хусусияти огаҳӣ дошта, на ҳамеша фавран нав мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018 дар Русия аз 14 июн то 15 июл баргузор мешавад.

Шаҳрҳое, ки бозиҳои Чемпионати ҷаҳонро қабул мекунанд: Москва, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови лаби Дон, Сочи ва Екатеринбург.