Воситаи аз ҳама арзонтари сафар ба Русия чӣ гуна аст? Барои посух ба ин савол портали Muhojir.news.tj дар бораи нархи билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои бузурги Русия ва бозгашт аз онҳо гузориш таҳия намуд/

Дар ин гузориш нархҳои ҳадди ақал ва ниҳоӣ ба билетҳои ҳавопаймоӣ зикр шудаанд, ки онҳоро то охири моҳи апрел – аввали моҳи майи соли 2018 пешакӣ харидан ё захира кардан (бронирование) мумкин аст. Ҳамчунин аз нархи билети қатораи роҳи оҳан аз Душанбе ба Маскав низ огаҳӣ пайдо кардем.

Ҳангоми харидани билети ҳавопаймоӣ нархҳо метавонанд фарқ кунанд, зеро ба қурби евро (агар билети ҳавопаймоӣ бошад) ва қурби франки швейтсарӣ (билети қатораи роҳи оҳан) ва санаи интихобкардаи парвоз аз шумо вобастаанд.

Ба маълумотатон мерасонем, ки ба нархи билети ҳавопаймоӣ ҳамчунин тариф низ таъсир мерасонад. Масалан, баъзе ширкатҳои ҳавопаймоӣ 10-18 тариф доранд ва бо ҳар кадоме аз тарифҳо 9-10 ҷой ҷудо карда мешавад.

Дар гузориш мо танҳо чанде аз шаҳрҳои Русияро интихоб кардем. Ин ҷо сари хатсайрҳои мустақими ширкатҳое чун «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр», «ЮТ-Эйр» ва «Уралские авиалинии» сухан меравад. Нархҳо ба моҳи апрели соли 2018 зикр шудаанд.

Нарҳо ба билетҳои ҳавопаймоӣ ба қурби сомонӣ вобастаанд ва мо маълумоти Бонки миллии Тоҷикистонро ба санаи 11.04.2018 сол меорем, ки 1 евро ба 10.8977 сомонӣ ва қурби 1 доллар ба 8.8212 сомонӣ баробар аст.

Нархҳо бо низоми фурӯшгоҳҳои хусусии билетҳои ҳавопаймоӣ то охири моҳи апрел (нархҳои тақрибӣ бо сомонӣ. Нарх вобаста ба қурби евро метавонад тағйир ёбад).

Ширкати ҳавопаймоӣ

Хатсайр

Нархи паст

 (бо сомонӣ)

Нархи баланд

(бо сомонӣ)

Сомон Эйр

Душанбе – Маскав (Домодедово)

2387

4850

Тоҷик Эйр

Душанбе – Маскав

(Домодедово)

2387

4904

ЮТ-Эйр

Душанбе – Маскав

(Внуково)

2298

4761

Уральские авиалинии

Душанбе – Маскав

(Жуковский)

2496

Аз 4000

Сомон Эйр

Маскав – Душанбе

(Домодедово)

1727

4855

Тоҷик Эйр

Маскав – Душанбе

(Домодедово)

1844

4904

ЮТ-Эйр

Маскав – Душанбе

(Внуково)

1669

4487

Уральские авиалинии

Маскав – Душанбе

(Жуковский)

1815

Аз 4000

Фурӯшгоҳи «Сомон Эйр» (нархҳои тақрибӣ бо қурби сомонӣ/евро то охири моҳи апрел)

Адрес: 734012, Душанбе, Тоҷикистон, кӯч. Мирзо Мастонгулов 40

Тел.: (+992) 44 640 40 40/50, Fax: (+992) 44 640 12 34

E-mail: [email protected]

Ширкати ҳавопаймоӣ

Хатсайр

Нархи паст

(бо сомонӣ)

Нархи баланд

(бо сомонӣ)

Сомон Эйр

Душанбе -Маскав

2387

Аз 3000

 

Душанбе – Санкт-Петербург

2496

 

 

Душанбе - Сочи

2170

 

 

Душанбе - Екатеринбург

2170

 

 

Маскав - Душанбе

1727

 

 

Санкт-Петербург - Душанбе

2064

 

 

Сочи - Душанбе

1845

 

 

Екатеринбург - Душанбе

2064

 

 

Кӯлоб - Маскав

2355

 

 

Хуҷанд - Маскав

1953

 

 

Маскав - Кӯлоб

1727

 

 

Маскав - Хуҷанд

1760

 

Фурӯшгоҳи «Тоҷик Эйр» (нархҳои тақрибӣ бо қурби сомонӣ/евро то охири моҳи апрел).

Адрес: 734012, Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. М.Мастонгулов, х. 32/1

Тел.: +992 48 701-50-42

 Email: [email protected]

Ширкати ҳавопаймоӣ

Хатсайр

Нархи паст

(бо сомонӣ)

Нархи баланд

(бо сомонӣ)

Тоҷик Эйр

Душанбе - Маскав

2388

Аз 3000

 

Душанбе – Санкт-Петербург

2496

 

 

Душанбе - Новосибирск

2171

 

 

Маскав - Душанбе

1845

 

 

Санкт-Петербург - Душанбе

2062

 

 

Новосибирск - Душанбе

2845

 

Эзоҳ: Нархи ниҳоӣ аз низоми захираи (фармоиш)-и пешакӣ (бронировапие)-и билетҳои ҳавопаймоӣ гирифта шуда, на ҳамеша саҳеҳ буда метавонад. Дар фурӯшгоҳҳо инро чунин шарҳ доданд, ки аввал билетҳо бо нархҳои ҳадди ақали имконпазир фурӯхта мешаванд, ғайр аз ин, ба нархи билет бисёр вақт сана таъсир мекунад, яъне ҳар чӣ қадр то рӯзи парвоз вақт кам монда бошад, билет қиматтар мешавад. Аммо дар фурӯшгоҳҳо ишора карданд, ки бо вуҷуди ин, фурӯш бо нархи ниҳоӣ, масалан 4737 сомонӣ барои билети Душанбе – Маскав қариб сурат намегирад.

Билетҳои қатораи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (нархҳои тақрибӣ бо қурби сомонӣ/франки швейтсарӣ то охири моҳи апрел).

Тавре маълум шуд то охири моҳи апрел ва ҳатто аввали моҳи май ҳамаи билетҳо ба қатораи мусофирбари Душанбе – Маскав фурӯхта шудаааст, аз ин рӯ, мо нархи эҳтимолӣ ба моҳи майро зикр менамоем

Бахши пешниҳоди маълумоти вокзали роҳи оҳани Душанбе: (+992 37) 227 21 77

 КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Адрес: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. академик М. Назаршоев, 35

 E-mail: [email protected]

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон 1 франки швейтсарӣ ба 9.2349 сомонӣ баробар аст.

Ширкат

Хатсайр

Вагони платскарт

(нарх бо сомонӣ)

Вагони купе

(нарх бо сомонӣ)

Роҳи оҳани Тоҷикистон

Душанбе - Маскав

Аз 1470

Аз 1950

 

Душанбе - Волгоград

Аз 1100

-

 

Нархи миёнаи

Маскав - Душанбе

Ба ҳисоби миёна

аз 9 700 рубли русӣ

Ба ҳисоби миёна

аз 13 275 рубли русӣ