Кормандони милится волидони писарчаи панҷсолаи гумшуда Кароматуллоро, ки муддати 16 рӯз дар қабулгоҳи ВКД қарор дошт, дарёфт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, Кароматулло Мирзоев, сокини ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритӯсро аз қабулгоҳ яке аз хешовандонаш - Холнисо Мирзоева гирифтааст.

«Ӯ хабар дод, ки модари писарча - Зебуннисо Ҳакимова рӯҳан бемор буда, Кароматуллоро онҳо худашон кофтаанд ва танҳо пас аз чанд рӯз баъди воқиф шудан аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар қабулгоҳи ВКД аст, ба милитсия муроҷиат кардаанд», - гуфт котиби матбуотии Вазорат.

Ба қавли ӯ, Кароматулло вақте гум шудааст, ки бо модараш ба Душанбе барои дидорбинии бародари калониаш омадаанд, ки дар яке аз интернатҳои пойтахт таълиму тарбия мегирад.

«Волидони Кароматулло ҷудо шудаанд ва падараш - Қурбон Мирзоев бо кӯдакон зиндагӣ намекунад», - қайд карданд дар ВКД ва илова намуданд, ки акнун Кароматулло дар оилаи аммааш - хоҳари падараш зиндагӣ хоҳад кард.

Аввали моҳи апрел ВКД ҳамчунин дар бораи бедаракшавии Ёсинҷон Мирови 4-сола, сокини деҳаи Сабзикори ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ низ хабар дода буд.

Ёсинҷон Миров субҳи рӯзи 1 апрел аз хона баромада, бо ҳамин дигар барнагаштааст. Муддати 17 рӯз аст, ки аз ҷустуҷӯҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил намешавад.

Ёсинҷон Мирови бедаракшуда

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки агар касе дар бораи Ёсинҷон ягон маълумоте дошта бошад, бо телефони 221-21-21 ё 93 121-50-01 ба ВКД занг занад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.