Овозхони 17-солаи тоҷик Меҳрона Ғайбуллоева ба даври нимфиналии озмуни «Ты супер!» дар шабакаи телевизионии НТВ-и Русия роҳ ёфт.

Ӯ бо иҷрои таронаи машҳури Земфира «Я искала тебя» ҷонибдории овози се ҳаками озмун - продюсери маъруф Виктор Дробиш, овозхонҳои шинохтаи рус Юлианна Караулова ва Сергей Лазаревро ба даст овард.

Дар даври аввали озмун Меҳрона таронаи Полина Гагарина «Драмы больше нет»-ро сароида буд.