Аз 5 май муштариёне, ки ба тарофаи “Истиқболи самимӣ” – “Тёплый приём – Две страны” пайваст шуда ба Россия мераванд, имкон доранд, ки ба дӯстону наздикони худ трафики овозӣ ва интернетии худро ҳадя кунанд.

Мувофиқи шартҳои иқдоми “Ҳамеша ҳамроҳ” (“Dual SIM”) барои ҳар як дақиқаи суҳбат ҳамсуҳбатони онҳо бонуси панҷкарата – 5 дақиқаи муоширатро дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ё 5 Мб интернети мобилиро ба даст меоранд.

Бонусҳоеро, ки барои анҷоми зангҳои воридотӣ аз Россия пешниҳод мешаванд, муштариён худ интихоб мекунанд. Барои ин зарур меояд, ки ба SMS-и оператор посухи марбута ирсол карда шавад. Бастаҳои бонусии “Дақиқаҳо дар дохили шабака” ё “Мб-и трафики интернет” дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи фаъолгардонӣ эътибор доранд.

Иштирокчии иқдом метавонад новобаста аз давомнокии суҳбатҳояшон бо муштариёни аз ФР даъватро анҷомдиҳанда дилхоҳ миқдори холҳоро дар давоми як рӯз ба даст оварад. Иқдоми “Ҳамеша ҳамроҳ” (“Dual SIM”) то 31 августи соли 2018 давом меёбад.

“Ба шарофати иқдоми нави мо муштариёни дар Россия зиндагӣ ва фаъолиятдошта имкон пайдо мекунанд, ки ба наздикони худ панҷ маротиба зиёдтар муоширатро ҳадя кунанд. Масалан, ҳангоми даҳ дақиқа давом ёфтани суҳбат нафари зангро қабулкунанда ё 50 дақиқа, ё 50 Мб Интернетро ба даст меорад. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳам барои истифодабарандагон  ва ҳам барои ҳамсуҳбатони онҳо тарофаҳоро муфидтар гардонем.”, - қайд мекунад Директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.