Дар Донишгоҳи федералии Шимолу шарқии ба номи М.К.Аммосов озмуни хайрияи зебоӣ ва истеъдод доир гардид.

Миёни донишҷӯён бори нахуст Miss and Mister international-и донишгоҳ интихоб шуда, Комилҷон Нозимов аз Тоҷикистон ба унвони Mister international-и донишгоҳ соҳиб шуд.

Дар озмун 14 нафар намояндагони 10 кишвар ширкат варзида, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими дӯстиву ҳамкории мутақобила байни донишҷӯёни хориҷии муасссисаи таълимӣ унвон мешавад, хабар дода мешавад дар сомонаи донишгоҳ.

Гуфта мешавад, дар озмун расму оин, суруду тарона ва анъанаҳои миллатҳои гуногун намоиш дода шуда, толори баргузори он ба як кошонаи дӯстии халқҳо табдил ёфт.

Перизат Чикеева (аз чап) - Miss International-2018
Сурат аз Limon.kg

Пас аз андешаронии тӯлонӣ аъзои ҳакамон донишҷӯ аз Тоҷикистон Комилҷон Нозимовро - Mister international – 2018 ва донишҷӯдухтар аз Қирғизистон Перизат Чикееваро - Miss international - 2018 эълон карданд. Дар номинатсияи Ҷаноби Истеъдод (Мистер Талант) низ Комилҷон ғолиб дониста шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.