Автобуси аввал, ки бо хатсайри Тошканд - Хуҷанд рӯзи 15 май ба роҳ баромад, бо садои карнайи сурнай ва рақсу тарона гуселу пешвоз гирифта шуд.

Минбаъд автобусҳои мусофирбар тамоми сол мунтазам бо ин хатсайр равуо намуда, дар назар аст, ки ҳарду ҷониб ҳамарӯза се маротиба равуои автобусҳоро ба роҳ монанд, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Арзиши билети хатсайри Тошканд - Хуҷанд - 50 ҳазор сӯм ва Хуҷанд - Тошканд - 50 сомониро ташкил медиҳад. Пардохт дар қаламрави Ӯбекистон бо сӯм (UZS) ва Тоҷикистон - бо сомонӣ (TJS) сурат мегирад.

Тафтиши ҳуҷҷатҳо ва азназаргузаронии бағочи мусофирон аз ҷониби марзбонону кормандони гумруки ҳарду ҷониб дар гузаргоҳҳои «Ойбек» Ӯзбекистон) ва «Фотеҳобод» (Тоҷикистон) анҷом дода шуда, ин автобусҳо, мусофирон ва бағочи онҳо бенавбат, ҷудогона аз дигар убуркунандагони марз ба ин расмиёт (газаштан аз сарҳад) роҳ дода мешаванд, ки ба тезтар гузаштани марз мусоидат менамояд.

Таваққуфҳои техникӣ ва мусофиргириву фаромадани онҳо дар Тошканд, Нурафшон, Бук, гузаргоҳҳои «Ойбек» ва «Фотеҳобод», Бӯстон ва Хуҷанд сурат мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.