Дар Тоҷикистон ширкати наве таъсис дода шуд, ки ба фиристодани тоҷикистониён ба Ҳаҷи хурд - Умра машғул хоҳад шуд.

Ҳамин моҳ Кумитаи дин ба ширкати «Ормон» бобати машғул шудани ба кори фиристодани тоҷикистониён ба Ҳаҷи Умра иҷозатнома дода, ҳамин тариқ яккаҳукмронӣ (монополия)-ро дар ин соҳа барҳам дод.

Қаблан дар ҷумҳурӣ танҳо як ширкат - «Расул» барои фиристодани шаҳрвандон ба макони муқаддаси Ислом ҷиҳати адои маросими Ҳаҷи умра иҷозатнома дошт.

Ҳаҷи умра зиёрати хурди Макка буда, лекин на дар моҳи муқарраршуда барои ҳаҷ, балки дар ҳама гуна вақти дигар аст.

Дар Кумитаи дин иттилоъ доданд, ки арзиши Ҳаҷи умра 19 ҳазор сомониро ташкил дода, дар моҳи Рамазон он то 24,5 ҳазор сомонӣ боло меравад, зеро дар моҳи Рамазон Ҳаҷи Умра 21 рӯз ва дар дигар вақт - 14 рӯз идома меёбад.

Дар ҳамин ҳол, ташкил ва фиристодани шаҳрвандони кишвар барои адои маросими ҳаҷи асосӣ ё худ Ҳаҷи Фарзӣ, ки ба Иди Қурбон рост меояд, танҳо ба дӯши Кумитаи дин вогузор шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.