Шаҳри Душанбе муддати ҳафтаи сипаришуда дар асорати борон қарор дошта, тибқи пешгӯии обуҳавошиносон аз имрӯз обуҳаво дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла пойтахт софу бебориш мешавад. Лекин аз 28 май боз боришот оғоз гардида, алҳол маълум нест, ки он то кай идома меёбад ва дар ин хусус наздиктар ба ин сана маълумоти саҳеҳтар додан имконпазир мешавад.