Дар чорчӯбаи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии симои Тоҷикистон дар хориҷа қабули номзадҳо барои  ширкат дар озмуни Лоиҳаи синамои таҷрибавии «My vision», ки аз 7-уми июл то 1-уми сентябри соли 2018 баргузор мегардад, эълон карда мешавад. “Ин лоиҳа бо дастгирии Муассисаи Давлатии «Тоҷикфилм», бо дастгирии техникии Сафорати Британия Кабир дар Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи Синамогарони Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Лоиҳа ба самти баланд бардоштани донишҳои касбӣ оид ба синамоофарӣ дар байни тоҷикистониёни синни 18-35 сола, махсусан шахсоне, ки дар соҳаи синамо ва дигар соҳаи ВАО фаъолият мекунанд, инчунин ба таври мусбӣ муаррифӣ кардани симои кишвар тавассути офаридани  филмҳои ҳуҷҷатӣ марбут ба мероси фарҳангии гуногунранг ва инсоншиносии Тоҷикистон равона карда шудааст. 

Тавре ки директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Носир РАҲМОН қайд намуд: «Точикистон айни замон ба кинематографияи муосир ниёз дорад ва вазифаи Тоҷикфилм аз он иборат мебошад, ки ҳарчи бештар идеяҳои нав ва фановарӣ дастгирӣ карда шавад, то ки обрӯву эътибори Точикистон дар хоричи кишвар баланд бардошта шавад ва инчунин ба соҳаи синамо мутахассисон ҷалб карда шаванд ва кадрҳои нав тарбия карда шаванд»

Ҷаноби Хю ФИЛПОТТ, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон хамчунин иброз доштааст, ки барои ӯ шарафи бузург аст, ки ин лоиҳаро Сафорат дастгирӣ намудааст. “Дар давоми кори худ дар Тоҷикистон, ман бо бисёр ҷавонони лаёқатманд ва боистеъдод шинос шудам, ки бо дастгирии хурд ва рӯҳбаландӣ, метавонанд ба мувафаққиятҳои бузург ноил гарданд. Умедворам, ки ин лоиҳаи хурд ҷавононро дар соҳаи синамосозӣ тайёр менамояд, то ки аз таърихи бойи визуалии Тоҷикистон истифода баранд ва ин мамлакати зеборо ба дунё муаррифӣ намоянд. Мамлакате, ки ман медонам ва нисбаташ ишқи хосса пайдо намудам», - иброз доштааст ӯ.

Номзадҳо бояд барои баланд бардоштани дониш ба чунин самтҳо аз ҷумлаи коргардонӣ кардани филми ҳуҷҷатӣ, филмноманависӣ, коргардонии овоз, ҳунари операторӣ, танзимгарӣ, васл, ороиши бадеии филм мароқ зоҳир намоянд. Барнома табодули таҷрибаро бо мутахассисони касбии соҳаи синамо аз Тоҷикистон ва коргардонҳои хориҷии филмҳои ҳуҷҷатӣ пешбинӣ мекунад.

Барои ширкат намудан дар лоиҳа пур кардани дархост  ва пешниҳод кардани синопсис оид ба филми ҳуҷҷатӣ,  ки номзад нақшаи дар чорчӯбаи мактаб ба навор гирифтани онро дорад, зарур аст. Афзалият ба дархостҳое дода мешавад, ки онҳо ба ҷанбаҳои гуногуни мероси  фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон равона карда шудаанд ва тавассути онҳо биниши асили муаллиф нишон дода мешавад. Ҳунармандони лоиҳа ба иштирокчиён ҷиҳати мутобиқ намудани лоиҳаҳо ва амалӣ кардани онҳо дар сатҳи касбӣ ёрӣ медиҳанд.

Илова бар омӯзиши коргардонҳо, лоиҳа амалӣ кардани филмҳоро дастгирӣ менамояд ва инчунин кӯмак барои пешрафт пешниҳод менамояд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва пур кардани дархост нигаред ба сомонаи: http://dushanbemyvision.com/