Тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор»-и шаҳри Хуҷанд ва хонандагони мактабҳои шаҳри Бӯстон дар олимпиадаи байналхалқӣ аз арифметикаи зеҳнӣ, ки 2-3-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби мақоми аввал гаштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин олимпиадаи байналхалқӣ 20 нафар хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд ва 2 нафар хонандагони макотиби шаҳри Бӯстон иштирок намуда, 18 нафари онҳо мақомҳои аввалро дар синну соли аз 6 сола то 15 сола ба даст оварданд.

Ғайрат Усмонов, хонандаи синфи 8-и литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи мазкур 210 адад мисолҳоро давоми 25 дақиқа ҳал намуда, ба шарафи «Устоди арифметикаи зеҳнӣ» комёб гардид.

Қобили қайд аст, ки олимпиадаи мазкур байни 4 давлат - Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо шумули 66 шаҳрҳои ин кишварҳо сурат гирифта,тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» бо гирифтани 5 Ҷом ва 18 мақоми якум, ба нишондиҳандаи олитарини олимпиада муваффақ гардиданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.