Чанде пеш мо дар бораи мактабҳои тоҷикзабон дар Ӯзбекистон гузориш таҳия карда будем, ки шумори онҳо дар кишвари ҳамсоя 245 адад муайян карда шуд. Ии хабар бисёре аз хонандагонро хурсанд кард, зеро тайи чанд соли охир овозаҳое ҷой доштанд, ки дар Ӯзбекистон гӯё қариб ҳар рӯз фаъолияти даҳҳо мактабҳои тоҷикзабон қатъ мешавад.

Ин дафъа тасмим гирифтем, ки дар бораи вазъи мактабҳои ӯзбекзабон дар Тоҷикистон гузориш таҳия созем ва ба шаҳри Турсунзода раҳсипор гардидем, ки 60%-и аҳолиашро (180 ҳазор нафар) ӯзбекон ташкил медиҳанд.

Гузаштагони сокини маҳаллӣ Дилбар Тағоева ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кӯч бастаанд. Аз рӯзгори ҳозирааш қаноатманд аст, духтарчааш дар мактаби маҳаллии ӯзбекзабони ба номи Алишери Навоӣ таҳсил мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ 77 мактабҳои ӯзбекзабон, ҳамчунин 440 мактаби навъи омехтаи таҳсил - бо синфҳои ӯзбекӣ амал мекунанд. Танҳо дар шаҳри Турсунзода 7148 нафар кӯдакон пурра бо забони ӯзбекӣ таҳсил мекунанд.

Муътақидемки ҳар қадр бештар одамон аз забони худ дар бораи ҳамдигар маълумот гиранд, ҳамон қадр онҳо якдигарро хуб дарк кардаву эҳсос мекунанд ва то ба ҳамин андоза ба баҳсу низоъҳои бемаънӣ кашидани онҳо душвортар мешавад. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо) мо дар бораи одамони аҷиби кишварҳо, расму оин ва фарҳанги онҳо, ҳамчунин ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун маълумот хоҳем дод.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.tj ва [email protected].

Ҳадафи роҳандозии лоиҳаи мо ба ҳамдигар боз ҳам наздику қаринтар кардани сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон тариқи наворҳои кӯтоҳи видеоӣ аст, ки ҳар яке метавонад аз онҳо барои худ чизи муфиде пайдо кунад.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ - Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.