Ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии машғули кор бо патент ба кам кардани пардохтҳои андозии худ аз музди меҳнат ба ҳамон миқдоре, ки ҳар моҳ барои патент пардохт мекунанд, ҳуқуқ доранд, қайд мешавад дар сомонаи Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони кории Русия.

Дар навбати аввал шумо бояд донед, ки канорагирӣ аз андозбандии дукарата танҳо ба касоне дахл дорад, ки расман кор мекунанд ва бо корфармо дар бораи иҷрои корҳо шартнома доранд. Мутаносибан, дар ин ҳолат корфармо уҳдадор аст, ки аз музди меҳнати шумо андоз пардохт кунад, вале агар шумо патент дошта бошед (агар шумо РВП ё ВНЖ надошта бошед, он бояд бошад), шумо метавонед барои баҳисобгирии пешпардохт ба андоз аз даромади шахсони воқеӣ (АДШВ) ба шуъбаи муҳосиботи худ ариза навишта, ба он нусхаи патенти худ ва квитансияҳо дар бораи пардохти ҳармоҳаро замима кунед.

Бар асоси аризаи шумо шуъбаи муҳосибот ба нозироти андоз муроҷиат мекунад. Дар нозироти андоз қонунӣ будани ба расмият даровардани патенти шумо, пардохти маблағи он ва огоҳиномаи корфарморо дар бораи имзои қарордоди меҳнатӣ бо шумо месанҷанд. Танҳо пас аз ин ба шуъбаи муҳосибот барои баҳисобгирии пешпардохтҳои андози даромад аз шахсони воқеӣ (АДШВ) иҷозат дода шуда, шумо онро бозпас аз муҳосибот мегиред, агар ташкилот қаблан аз маоши шумо онро гирифта бошад.

Минбаъд аз ин лаҳза агар ҳаҷми андози даромад аз шахсони воқеии муҳоҷир аз 4500 рубл (пешпардохти ӯ) камтар бошад, аз маоши ӯ маблағ гирифта намешавад. Агар ҳаҷми АДШВ аз ин нишондиҳанда зиёдтар бошад, пас ҳаҷми пардохт ба 4500 рубл (арзиши патенти шаҳри Маскав) камтар мешавад. Ҳамин тариқ, канорагирии шаҳрванди хориҷӣ аз андозбандии дукарата дар Русия сурат мегирад. Албатта, шуъбаи муҳосиботи корхона бояд худаш ин корро анҷом диҳад, аммо чунин шуда наметавонад, аз ин рӯ, бисанҷеду эътимод ҳосил намоед, ки андози зиёдатӣ пардохт накунед.

Маълумот дар бораи арзиши патентро барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки хоҳиши кор дар Русияро доранд, шумо метавонед дар маводи қаблии мо дарёфт кунед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.