Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод намуд, ки ба се категорияи шаҳрвандони хориҷӣ бидуни паси сар кардани марҳилаи гирифтани Иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП) Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) дар Русия дода шавад. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

«Дар таҳияи дастури президент мо пешниҳод мекунем: ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия хешу ақрабои наздик доранд, дар қаламрави Ҷумҳурии федеративии сотсиалистии шӯравии Русия (РСФСР) таваллуд шудаанд ва шаҳрвандии Иттиҳоди Шӯравиро доранд, бидуни паси сар кардани марҳилаи гирифтани Иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП) Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) дода шавад», - изҳор доштааст муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар машварати Шӯрои Федератсия бахшида ба масоили такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират.

ВКД Русия ҳамчунин ба мутахассисони соҳибтаҷриба, ки дар Русия камтар аз ним сол то замони муроҷиат бо ариза кор кардаанд, чунин тарзи гирифтани Ҳуҷҷати иҷозати зистро пешниҳод кардааст. Дар қонунгузории Русия мутахассиси ҳирфаӣ шахсе дониста мешавад, ки на камтар аз 2 млн. рубл дар як сол (то андозбандӣ) маблағ ба даст меорад.

Ҳуҷҷати иҷозати зист дар Русия (ВНЖ) санадест, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ ҷиҳати иқомати дарозмуҳлат дар Русия ва кори қонунӣ дар қаламрави ин кишвар ҳуқуқ медиҳад. Баъди дастрасӣ ба ин ҳуҷҷат шаҳрванди хориҷӣ ба мақоми шахси доимо дар қаламрави кишвар иқоматдошта соҳиб мешавад. Доштани ин ҳуҷҷат ба шаҳрванди хориҷӣ кафолат медиҳад, ки ба қисмати зиёди ҳуқуқҳои русиягиҳо соҳиб шавад. Ҳамчунин баъдан гирифтани шаҳрвандии Русия ва мутаносибан шиноснома низ осонтар хоҳад шуд.

Охири моҳи июн президенти Русия Владимир Путин ба ВКД ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дод, ки то 31 август «доир ба сабуксозии тартиби гирифтани Иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки забони русиро медонанду дар Русия кору зиндагӣ кардан мехоҳанд, чораҷӯӣ намоянд».

Айни замон ба гирифтани Иҷозатномаи зисти муваққатӣ дар Русия биудни навбат ва назардошти квота, аз ҷумла шаҳрвандони дар РСФСР таваллудшуда ва собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба тасдиқи ин далел имкон доранд ё дар қаламрави Русия таваллуд шудаанд; корношоям эътирофшуда ё соҳиби писар ё духтари коршоям, ки шаҳрванди Русия мебошанд; ҳамсарони русиягиҳо, ки доимо дар кишвар зиндагӣ мекунанд; сармоягузороне, ки ба иқтисоли Русия маблағи муайян сармоягузорӣ кардаанд; хизматчиёни ҳарбии тибқи қарордод хизматдошта дар замони амали қарордод; кӯдакон ва наврасоне, ки волидонашон (сарпарасташон) бо тартиби гуногун Иҷозатномаи зисти муваққатӣ гирифтаанд ва иштирокчиёни барномаи давлатии кӯчонидан ва дастгирии ҳамватанон ҳуқуқ доранд.

Гирифтани Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) бо тартиби соддашуда маънои онро дорад, ки ба шаҳрванди хориҷӣ доштани Иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП) ва иқомати на камтар аз як сол аз замони пешниҳоди ариза лозим нест. Ҳуҷҷати иҷозати зист ба мутахассиси соҳибтаҷриба ва аъзои оилаи ӯ, гурезагон, шаҳрвандони Туркманистон ва Беларус бар асоси ақди никоҳ ва барномаи кӯчонидан дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.