Дар соли нави хониш беш аз 100 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) таҳсил мекунанд.

Бино ба гуфтаи ректори Донишгоҳ Муҳаммад Шодиён, миёни онҳо шаҳрвандони Русия, Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳузур доранд.

“Айни замон дар донишгоҳи мо 30 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсили илм доранд, ки як тан аз онҳо шаҳрванди Олмон ва донишҷӯи риштаи иқтисод аст”, - иброз дошт ректор.

Ҳамчунин зимнан таъкид шуд, ки ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ бо забони тоҷикӣ таҳсил намуда, барои онҳо давраҳои (курсҳои) омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил карда шудааст.

Ба гуфтаи Шодиён, афзоиши шумори донишҷӯёни хориҷӣ ба он вобаста аст, ки тавассути баргузории конфронсҳои байнулмилалии илмӣ нуфузи донишгоҳ боло рафта, минбаъд низ дар самти ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар донишгоҳ тадбирҳо андешида хоҳанд шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.