Овозхони ҷавон Меҳрона Ғайбуллоев, ки ба туфайли иштирокаш дар барномаи телевизионии шабакаи НТВ-и Русия «Ты супер!» маъруф шуд, акнун аз ҳисоби буҷети пойтахт стипендия мегирад.

Дар қарори дар ин хусус имзошуда аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ зикр мегардад, ки Меҳрона Ғайбуллоева бо стипендияи раиси шаҳри Душанбе бо маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ барои нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018 таъмин карда шавад.

Гуфта мешавад, ин иқдом бо мақсади ҳавасманд ва қадрдонӣ намудани соҳибистеъдоди ҷавон ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ амалӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки  моҳи майи соли ҷорӣ Меҳрона Ғайбуллоева бо намояндагӣ аз Тоҷикистон дар озмуни мусиқии шабакаи НТВ-и Русия «Ты супер!» иштирок карда, то давраи ниманиҳоии озмун расид.

Моҳи июн дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Меҳрона Ғайбуллоева изҳор дошта буд, ки «аз раиси шаҳри Душанбе дархост дорад, ки ҳадди ақал ду-се сол маблағи пардохти хонаи иҷораашро таъмин намояд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.