Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон поинравии ҳароратро дар ҷумҳурӣ пешгӯӣ мекунад. Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки рӯзҳои 13-14 сентябр дар ҷумуҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст.

Дар ноҳияҳои кӯистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар минтақаи баландкӯҳ (баландии беш аз 2500 метр) борон ба барфи тар мубаддал мегардад.

Пагоҳ дар ҷумҳурӣ то 8 дараҷа пониравии ҳарорат ва пурзӯр шудани вазиши шамол аз самти ғарб то 20-25 метр дар як сония бо чангу ғубор пешбинӣ мешавад.

Рӯзи панҷшанбе дар Душанбе обуҳавои бебориш бо чангу ғубор пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 29-31 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи панҷшанбе дар Душанбе борони кӯтоҳмуддат борида, ҳарорат рӯзона то 25 дараҷа гармӣ поин меравад.

Дар Хоруғ ҳам рӯзи ҷумъа борони кӯтоҳмуддат борида, ҳарорат рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯзи оянда обуҳавои бебориш бо чангу ғубор дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат шабона 11-16 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои шимоли Точикистон – вилояти Суғд борон ва дар кӯҳҳо барф меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13, рӯзона 21-26 дараҷа ва дар кӯҳҳо шабона 2-7 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.