Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  сарварии тадорукотии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва сарпарастии Грантии Дафтари Швейтсарии Ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва Филиали Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷомеаи кушода”- Бунёди мадад дар Тоҷикистон, аз 16 то 20 октябри соли 2018  Ҳаштумин Синамобазми Байналмилалии “Дидор”, баргузор мегардад. Ин ҷашнвора аз Синамобазмҳои пешина фарқ мекунад. Он ба бузургдошти синамогари барҷастаи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида мешавад. Ба ин муносибат мурур бар беҳтарин осори эшон ороста мешавад.

Ин дафъа, Синамобазм танҳо бо намоиши филмҳои ҳунарӣ ва тасвирӣ маҳдуд мешавад ва  соли оянда, баргузор шудани Синамобазми филмҳои мустанади “Дидори ростин”-дар назар аст.

Доиркунандагони Синамобазм муътақиданд, ки имсол барномаи хуби филмҳои баланду кӯтоҳи ҳунариро ҷамъоварӣ намудаанд. Ин аз диди мо чандон душвор набуд, чунки ҷаҳони муосир дар талотуму хуруш аст ва эҷодкор (хусусан эҷодкори ҷавон, ки дар назари аввал бо муносибати бетарафонаи худ) ба ин ҳодисаҳо вокуниш менамояд, пайваста  дар андеша аст ва инъикоси роҳҳои ҳалли ин мушкилотро ҷустуҷӯ мекунад.

Аз миёни зиёда 100 филми ба унвони Синамобазм воридшуда 70 филм барои барномаҳои гуногуни он интихоб шуданд. Аз онҷумла  9 филм барои Озмуни байналмилалии филмҳои баланд, 12 филм – барои озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳ. Боқимонда – барои барномаҳои дигар тақсим шуданд.

Ҳар як филм таърихи худро дорад, баёнгари  сабки хоси созандагонашон, такомули ҳирфаияти синамогароне ҳастанд, ки дар Синамобазмҳои қаблӣ ширкат доштанд ва орӣ аз  изтиробу ғамхорӣ нисбат ба инсон набуда умед ба фардои беҳтаре эҳдо мекунанд.

Дар филмҳои гирдоваришуда таваҷҷӯҳи хоса ба мавзӯи зан, модар бештар аст, зеро ҳамаи вазнинии ҳаводиси ҷаҳонӣ, хусусан он минтақаҳое,  ки оташи ҷанг онҳоро фаро гирифтаанд, бар дӯши зан, бар дӯши модарон меафтад.

Хусусияти дигару вижаи  филмҳои гирдоваришуда  ҷаванон аст. Онҳо ба ҳаводиси имрӯза чӣ муносибат доранд? Ин суоли саҳлу забозада нест, чунки фардо, дар гардиши дигари таърихӣ онҳо бо ин муаммоҳо сару кор хоҳанд дошт.

Дар барномаи “Синамои Афғонистон” ғайр аз ду филми ҳунарӣ (“Бодбараки сиёҳ” (филми баланд) ва “Писарбача ва шутур” (филми кӯтоҳ) ҳамчунин барномаи махсуси филмҳои донишҷӯёни факултаи кинои Донишгоҳи Кобул пешниҳод карда мешаванд. Ин бештар бо мақсади пажӯҳиш ва муқоиса, ба назар гирифта шудааст. Имсол дастовардҳои синамои Тоҷикистон дар бахши алоҳидаи “Озмуни филмҳои миллӣ” ба намоиш гузошта мешаванд, ки аз филмҳои синамогарони ҷавони тоҷик иборатанд. Илова бар ин, ҳам дар бахши синамои Афғонистон ва ҳам Тоҷикистон  филмҳои аниматсионӣ пешниҳод мешаванд. Ҳамаи онҳоро тамошобин метавонад, дар қиёс бубинад.

Озмуни байналмилалиро доварон дар ҳайати Питер Скарлет (ИМА), Ашимова Диана (Қазоқистон), Дениель Цюст (Шветсария) арзёбӣ мекунанд.

Чи меъёрҳое дар интихоби филмҳои байналмилалии мавҷуд буданд? Меъёрҳои асосӣ иборат аз мубрамияти мавзӯи интихобгардида, жарфнокии ташхиси олами ботинии инсон ба воситаи кино, навоварӣ дар пешниҳоди мавод, дар киноэстетикаи навини муаллиф буданд.

Шояд доиркунандагони Синамобазм, бо сабабҳои гуногун имкон наёфтанд, ки ҳамаи филмҳои арзишноки дар ду-се соли ахир истеҳсолшудаи минтақаро ҷамоварӣ намоянд. Вале он чизе ки ба барномаҳо ворид шуд, бе муболиға зеби Синамобазм мебошанд.

Мисли ҳарвақта Синамобазм аз чанд барнома иборат аст. Дар бахши “Озмуни филмҳои тоҷикӣ” филми кӯтоҳу баланд иштирок менамоянд. Ин озмун дар асл инъикоси  симои воқеии кинои кунунии миллӣ аст, ки  бо таваҷҷӯҳашон ба мавзӯъҳои гуногун, бо сабкҳои мухталиф, бо сатҳи нобаробари касбияташон фарқ мекунанд. Муҳим ин аст, ки барномаи мазкур қариб тамоми фазои ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифтааст. Барномаи зикршуда боз  аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар он бештар синамогарони ҷавон иштирок мекунанд ва аксарият бори нахуст филм сохтаанд.

Ба ҳайати ҳакамони “Озмуни филмҳои миллӣ”: Ӯлҷабоева Манзура Турсуновна (Тоҷикистон), Ҳасан Қарибӣ (Эрон), Бахтиёр Қаҳоров (Тоҷикистон) шомиланд.

Дар рафти Синамобазм гузаронидани “Мизи мудаввар” ва вохӯриҳо бо офарандагони филмҳо дар назар аст.

Дар “Мизи мудаввар” мавзӯи «Синамои ҷавонон: устура ё ҳақиқат?» мавриди муҳокима қарор мегирад. Аммо дар баробари ин ба муҳокимаи васеъи вазъи кунунии синамои минтақа ва ҷаҳон низ  кушиш хоҳем кард. Тахмин меравад, ки мавзӯи доғи “Мизи мудаввар” ва берун аз он, вазъи синамои имрӯзаи тоҷик мегардад.

Дар Синамобазм шумораи меҳмонон, иштирочиён, ҳайати ҳакамони хориҷӣ __ нафар пешбинӣ шудааст. Барои зикршудагон барномаи фарҳангӣ ва шиносоӣ бо мавзеъҳои ҷолиби пойтахт дар назар аст.

Тамошобинонро бо тамоми аҳли хонавода, ройгон, ба дидани филмҳои артхауси Синамобазм, ки бори нахуст дар ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд, даъват менамоем.

Расми ифтитоҳи Ҳаштумин Синамобазми Байналмилалии “Дидор” 16 октябри соли 2018 соати 18: 00 дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ барпо мегардад. Намоиши филмҳо дар Маркази Синамобазм, кинотеатри “Зебуниссо”, воқеъ дар минтақаи ДОК, ш. Душанбе, хиёбони С. Айнӣ 131 доир мешавад.

(Нақлиёт ба сӯи кинотеатри “Зебуниссо”: Автобуси №№ 2, 7, 37; троллейбусҳои №№ 9, 10; таксиҳои маршрутӣ №№ 2, 4, 15, 18, 35) 

Телефонҳо барои робита: 2217895; 93 5058729; 93 4599163”; 93 3696905; 93576 1711.