Дар ноҳияи Темурмалик рӯзи 12 октябр даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2018» оғоз мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, сипас, 15 октябр дастаҳои ҳунарӣ аз ноҳияҳои Ховалинг ва Гулистон санъат ва маҳорати худро манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамони озмун мегардонанд.

Баромади дастаҳои ҳунарии шаҳру навоҳӣ дар доираи даври аввали Фестивал-озмун то 17 ноябри соли 2018 идома меёбад.

Даври дуюми Фестивал – озмун нимаи дуюми моҳи ноябр дар маркази вилоятҳо ва даври ҷамъбастӣ дар шаҳри Душанбе 24 ноябри соли 2018 дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2018» ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории фестивал - озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути Фестивал - озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.

Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баргузор мегардад.

Барои ғолибони даври сеюми Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2018» аз ҷониби муассис - Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳо супорида мешаванд.

Иштирокчиён ва созмондиҳандагони фаъоли фестивал - озмун инчунин бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон сарфароз мегарданд.