Дар шаҳри Душанбе ба муносибати яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон – Иди Меҳргон чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расида, ба сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки дар ин рӯз намоишномаҳои театрӣ, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва маснӯоти ҳунармандону косибон, ҳамчунин сайругаштҳои оммавӣ ташкил намоянд.

Ид санаи 13 октябр, рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Фирдавсӣ (собиқ Дӯстии халқҳо) ҷашн гирифта шуда, ҳамчунин консерти устодони санъати ҷумҳурӣ доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳёи ҷашни деҳқонон – Меҳргон, ки аз анҷоми мавсими чамъоварии ҳосил мужда медиҳад, қарор қабул кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.