Бо ибтикори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 27 ва 28 октябри соли 2018 дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе намоиши фарҳангии “Рӯзҳои Ҷопон” баргузор мегардад.

Намоиши фарҳангии Ҷопон аз намоишҳои мухталифи фарҳангу суннатҳои Ҷопон ва Тоҷикистон иборат ҳаст. Мавзӯи чорабинӣ «Туризм ва ҳунарҳои мардумии Ҷопон» мебошад, ки ба соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон бахшида шуда аст. “Рӯзҳои Ҷопон” аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.

Маросими ифтитоҳи намоиши фарҳангии Ҷопон " Рӯзҳои Ҷопон " рӯзи 27-уми октябри соли 2018, соати 17:30 дар Театри Давлатии Академии Опера ва Балет ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 28 чойгир аст, бо намоиши консертӣ оғоз меёбад.  Дар консерти мазкур, мусиқии тоҷикӣ, аз ҷониби ҳунарманди ҷопонӣ ва мусиқии ҷопонӣ аз ҷониби ҳунарманди тоҷик ботароват садо медиҳад. Дар охир, донишҷӯёни Донишкадаи забонҳои тоҷикӣ ва Донишгоҳи славянӣ-тоҷикӣ рақси суннатии ҷопонии «Сора Буси »-ро , ки хоси мардуми ҷазираи шимолии Ҷопон -Хоккайдо хаст, иҷро менамоянд. Ин рақс ҳар як марҳилаи моҳидорӣ, ҳаракати тӯрҳо, русуми моҳидорӣ ва ҳаракати мавҷҳоро инъикос мекунад. Ҳозирини мӯҳтарам метавонанд инчунин намоишҳои ҳунармандӣ ва сайёҳии мардуми Ҷопонро дар худи ҳамон ҷо аз соати 16:30 то 17:30 боздид кунанд. Даромади чорабинии мазкур ройгон мебошад.

Қисми асосии чорабиниҳо дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе рузҳои 27 ва 28 октябри соли 2018 аз соати 10:00 то 16:00 сурат мегирад. Муҳтавои “Рӯзҳои Ҷопон”, ки давоми ду рӯз идома меёбанд, аз фаъолиятҳои зайл иборат ҳаст: намудҳои гуногуни шаклсозӣ аз қоғаз- Оригамӣ, аз ҷониби пешоҳанг хонум Элена Кабачинская ва бозии анъанавии ҷопонӣ-Кендама аз ҷониби устод оғои Кентаро Арай, таъомули таомҳои миллии ҷопонӣ, намоиши мошинҳои ҷопонии Toyota, намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва лухтакҳо, ки бо технологияи ҷопонӣ аз ҷониби ҳунарманд хонум Азза Қаноат омода шуданд, муаррифии фарҳанги фароғатӣ,бозиҳо ва дигар чорабиниҳо ба ҳозирин пешниҳод мегарданд. Даромади чорабиниҳои номбурда ҳам ройгон мебошад.

Фаъолиятҳои зиёди “Рӯзҳои Ҷопон” ба сифати имконияти намоиш додани дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон хизмат менамоянд ва барои тамошобинон имконияти хубе фароҳам меорад, то дар муҳити воқеӣ аз фарҳангу анъанаҳои Ҷопон ҳаловат баранд.