Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Пленарии Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ», ки охири моҳи октябр дар Маскав доир гардид, ба ҷониби Русия барои амалисозии авфи муҳоҷирони тоҷики вурудашон манъ ба Русия миннатдорӣ изҳор намуд. Ин маъракаи авф аз 24 март то 24 апрели соли 2017 сурат гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳор намуд, ки мутаассифона, он замон бинобар кам будани муҳлат ва аз бе иттилоотӣ 70 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ дар муҳлати муқарраргардида  натавонистанд ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд ва айни ҳол дар маҷмӯъ шумораи онҳо беш аз 208 ҳазорро ташкил додааст, хабар медиҳад котиби матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода.

“Вобаста ба ин, тибқи дархосту пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба бознигарии масъалаи мазкур, дар навбати аввал барои 70 ҳазор муҳоҷирони зикршуда бо дастгирии бевоситаи Валентина Матвиенко мақоми салоҳиятдори Федератсияи Россия оиди ҳалли мусбии он ризоият доданд”, - иттилоъ медиҳад ӯ.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати дарёфти ҳалли мусбии қазияи 138 ҳазор муҳоҷирони меҳнатии мамнӯъ ба Кумитаҳои зидахли Шӯрои Федератсия оид ба мудофиаву амният ва корҳои байналхалқӣ дар якҷоягӣ бо вазорати корҳои дохилию хадамоти муҳоҷират дастури роҳбарияти олии кишвари қабулкунанда ироа гардид, ки татбиқи минбаъдаи ин раванд зери назорати Шӯрои Федератсия қарор гирифта, ин нукта дар Ҳуҷҷати хотимавии Форум  дарҷ карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.