Ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати авали нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки имрӯз сурат мегирад, рӯзи шанбе, 17 ноябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе намоиши театришуда ва мушакпарронӣ (фейерверк)-и 5-дақиқагӣ баргузор мешавад.

Дар намоиши театришуда ва консерти устодони санъати ҷумҳурӣ дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва  дигар арзишҳои миллӣ беҳтарин намоишу таронаҳо пешкаш мегарданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ин рӯз  баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа мушакпарронӣ (фейерверки)-и идона сурат мегирад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, 17 ноябр  дар тамоми боғҳо ва  дигар маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти   оммавӣ ва  барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, чунин барномаҳои идона дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ,   майдони 800-солагии Москваи  ноҳияи Шоҳмансур ва майдони назди Прокуратураи генералӣ  дар ноҳияи Сино  баргузор мегарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.