«МегаФон Тоҷикистон» бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲССТ) дар доираи лоиҳаи иҷтимоӣ-омӯзишии худ таҳти унвони «Ҷавонони оянда» ҳамкориро идома медиҳад. Оператор дар конфронси илмии бахшида ба интернет ширкат варзида имкониятҳои нави технологияҳои рақамиро нишон дод.

Лоиҳаи “Ҷавонони оянда” ба донишҷӯён кӯмак мекунад, ки дар давоми таҳсили худ муваффақиятҳои назарраси барои касбу кори ояндаашон заруриро ба даст оваранд. Лекин чунин маълумотҳо дар ҳаёти ҳаррӯза низ ба кор омада метавонанд. Донишҷӯёни курси якуми факултети телекоммуникатсияҳо ва инноватсияҳо бо таърихи инкишофи Шабакаи ҷаҳонӣ ошноӣ пайдо намуда, оид ба трендҳои муосир ва имконоти нави рақамӣ: консепсияи хонаи доно, пардохти маблағи хизматрасониҳо ба тариқи онлайн ва ғ. маълумотҳо гирифтанд. Баъзеи ин технологияҳо аллакай ба муштариёни “МегаФон Тоҷикистон” дастрас мебошанд.

1/4

“Слогани ширкатамонро тағйир дода метавонем чунин гӯем: донишҳо аз ту оғоз меёбанд! Зимни дарсҳои омӯзишӣ ва лексияҳои мо донишҷӯён бисёр донишҳои нав гирифта, дар соҳаи алоқаи мобилӣ, маркетинг, робита бо ҷомеа, имконоти рақамӣ таҷрибаи амалиро ба даст меоранд. Аз ҳама муҳим, барномаи ҳар як дарс бо назардошти маълумоти навин пешбинӣ карда мешавад. Ин ба иштирокчиёни лоиҳа имкон медиҳад, ки донишҳои нисбатан заруриро пайдо намоянд”, - мегӯяд Далер НАИМОВ, роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд.