Натоиҷи озмунҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар бахши бозорёбӣ (маркетинг)-и ҷоизаи «Event Awards Central Аsia» эълон гардиданд. Лоиҳаи Tcell  “Иқдоми таблиғотӣ барои роуминги дастрас дар Ӯзбекистон» дар бахши «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ» соҳиби нишони Тиллоӣ шуд! Тарҳи муштараки Радиои “Азия Плюс” ва Тсеll «Ҳамроҳ мехонем» дар бахши «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» сазовори ҷоизаи Нуқра гардид.

Event Awards Central Asia – ин ҷоизаи мустақили касбӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки барои дастовардҳои бузурги эҷодӣ аснои баргузории чорабиниҳои марбути бозорёбӣ (маркетинг) тақдим мешавад. Тайи солҳои ахир ин мукофот ба тарҳҳои муваффақе, ки дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон татбиқ меёбанд, эҳдо мегардад.

Имсол барои ҷоизаи Тилло дар бахши чорабиниҳои бозорёбӣ беш аз 60 лоиҳа аз бузургтарин ширкатҳои минтақа рақобат доштанд. Озмун аз сӯи доварони мустақил, ки коршиносони шинохтаи соҳоти “event”, HR-у PR (таблиғ ва бозорёбӣ)-и ширкатҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Латвия, Словакияву Малдова, инчунин намояндагони ВАО ва ҳунармандони маъруфи ин кишварҳо буданд, ҳакамӣ мешуд.    

 Tcell дар бахши «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ»-и лоиҳаи “Иқдоми таблиғотӣ барои роуминги дастрас дар Ӯзбекистон» соҳиби нишони “Тилло” гардида, онро ба Тоҷикистон овард. Моҳи феврали соли 2018 барои ду кишвари ҳамсояву ҳамҷавор, ки марзҳои муштарак, урфу одат ва фарҳанги ба ҳам наздик доранд, рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Сарҳадоти ин давлат, ки тайи қариб 20 сол барои равуои шаҳрвандон мушкил эҷод менамуданд, боз гардиданд. Мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон ин иқдомро бо хурсандии бузург ва эҳсоси гарму гуворо пазируфтанд.

Ширкати Tcell ба рухдоди фавқ- равуои бештари шаҳрвандон, теъдоди зиёди сайёҳон ва гардишгарони ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роуминги дастрас дар Ӯзбекистонро роҳандозӣ карда, арзиши Интернетро дар шабакаи роуминг 16 маротиба коҳиш дод. Иқдоми тарғиботии ин лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳо ва пешниҳоди матлабу маводҳои ҷолибу кӯтоҳ оғоз гардид.

Яке аз тарҳҳое, ки барои муаррифии бештар ва ташвиқу тарғиби роуминги дастрас ба кор оғоз намуд, ин “Салом, ҳамсояҳо!” («Салом, соседи!») дар ҳамҷоягӣ бо ширкати “Asia Plus Media Group” буд. Лоиҳа дар бораи анъанаҳои миллӣ, фарҳангу санъат, дастовардҳо, ҳаёти одамони ҳар ду кишвар нақл карда, наворҳои ҷолибро дар мавриди пайвандҳои таърихии мардуми ҳамсоякишварҳо омода месозад. 

«Тарҳи роуминги дастрас оддӣ ва хеле содда буда, ҳадафи он нишон додани ин ки роуминг барои истифода қулай аст, аз он мешавад аснои иртибот, гуфтугӯ ва табодули навору аксҳои ҷолиб дар ҳангоми сафар дар Ӯзбекистон бо нархзи арзон истифода кард. Охир, тайи ин қадар солҳои ҷудоӣ ва дурии сунъӣ одамон ташнаи дидори якдигар шуданд. Вақте мо аз “Азии Плюс” пешниҳоди ҳамкорӣ дар татбиқи идеяи мазкурро дарёфт кардем, ба чунин хулоса расидем, ки айнан ва воқеан ин ҳамон лоиҳа ҳаст, ки мо онро мехоҳем. Мо онро ҷонибдорӣ карда, таркиби матоолибро бойтару ғанитар сохтем, барои комил шудани маҳсулоти пешниҳодӣ кӯмак расонидем. Ман итминони комил дорам, ки ин тарҳи ҳассосу хушбинона қалби ҳазорон нафарро тасхир кард, ба дилҳои ҳазорон нафар роҳ ёфт. Ин дар айни замон ҳамон ҳадафи аслӣ аст, тарғиби тамға (бренд), ки мо бояд амалӣ намоем”,- мегӯяд директори Департаменти бозорёбӣ ва равобит (маркетинг ва комуникатсия)-и ширкати Tcell Кети Пиртсхалава.    

Тарҳи муштараки Радиои “Азия Плюс” ва Тсеll «Ҳамроҳ мехонем» дар бахши «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» бошад, сазовори ҷоизаи Нуқраи озмун гардид. Моҳи июни соли 2018 Азия Плюс ва Tcell аз 4 хонаи бачагони шаҳри Душанбе, ки беш аз 350 кӯдак дар онҳо тарбия мегиранд, дидан карданд. Ба назди ин тифлакони масъум, ки аз навозиши волидайн маҳруманд, шахсони маъруф, ҳунармандон ва чеҳраҳои шинохта рафта, ҳамроҳ бо онҳо китоб хонданд, шеъру таронахонӣ карданд ва нақлҳои ҷолиберо пешниҳод сохтанд.

Лоиҳа ба кӯдакон нишон дод, ки онҳо дар ҷомеъа танҳо нестанд, онҳо низ шахсони даркорӣ дар ин кишваранд. Мақсади аслии ин иқдом на фақат ироаи тӯҳфаву ҳадяҳо дар иду маросимҳо, балки фарогирии кӯдакон бо меҳру муҳаббати инсонӣ буд.    

Тафсилоти бештарро дар бораи ҷоизаи EACA тавассути нишонии: https://www.eaca.pro/  ва саҳифаи расмии он дар шабакаи иҷтимоии Facebook: https://www.facebook.com/EventAwardsCA/      дарёфт карда метавонед.

Соли гузашта низ ширкати Tcell дар озмунҳои EACA чанд ҷоизаро ба худ ихтисос дода буд. Якбора се тарҳи Тселл: лоиҳаи «Digital Camp Tcell» дар бахши «Беҳтарин чорабинии омӯзишӣ», тарҳҳои «Табрикоти 8-март» ва  «Эҳсосоти брендӣ барои Viber» дар самти «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ» мукофоти баландтаринро соҳиб гаштанд.

___________________

 Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.