Дар Тоҷикистон рӯзи 8 декабр Ҳафтаи кинои ҷавонон оғоз гардида, дар доираи он дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд як силсила чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Ин як натиҷагириест аз лоиҳаи «Резиденция экспериментального кино «My Vision»,  ки дар ҳамдастӣ бо “Тоҷикфилм”, Иттифоқи синамогарон, “Суғд Синамо”, сафоратхонаҳои Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон амалӣ шуд.

Коргардонҳои Ҳафтаи кинои ҷавонон
Коллажи My Vision

Дар чаҳорчӯби лоиҳа моҳи майи соли равон барои 16 нафар филмофарони ҷавони интихобшудаи синни аз 18 то 35-сола машғулияти дуҳафтаина гузаронида шуд. Машғулияҳоро мутахассисони беҳтарини соҳаи кинои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон баргузор намуданд.

Маросими ифтитоҳи Ҳафтаи кинои ҷавонон рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта дар Hyatt Regency Dushanbe доир гардида, ҳар рӯз муддати як ҳафта ба тамошобинон филмофарони ҷавон ва корҳои онҳо – филмҳои мустанад ва ҳунарӣ муарифӣ мешаванд. Ҳамаи филмҳо дар муддати хеле кӯтоҳ – се моҳ таҳия гардида, муаррифигари кинои мустақили ҷавонони Тоҷикистон мебошанд.

Филми нахустине, ки дар доираи ин лоиҳа намоиш дода мешавад, “Нолаи танбӯр”-и деринтизори Аниса Собирӣ мебошад. Намоиш санаи 8 декабр соат 18:00 дар Hyatt Regency Dushanbe сурат мегирад. Воридшавӣ қатъиян бо даъватномаҳо аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.