Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзҳои 18-19 декабр таҳти унвони “Рангоранг” Фестивали ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.

Дар фестивал аз иштироки наздик ба 60 ҳунармандону косибон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ интизорӣ меравад. Тамошобинон ба корҳои ҳунармандону косибон аз вилоятҳои Хатлону Суғд, Бадахшону водии Рашт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ шинос шуда метавонанд.

Фестивали “Рангоранг” ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида, дар он аз нишондиҳандаҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ натиҷагирӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.