Карнай асбоби мусиқии нафасӣ мебошад, ки дар тӯйҳову сайругаштаҳои оммавӣ садо медиҳад. Оё Шумо медонистед, ки онро танҳо дар як ҷо ва намояндагони фақат як оила месозанд?

Мо ба меҳмонии ягона устои карнайсоз дар кишвар Мирзо Мансуров ба Истаравшан рафтем. Усто 8 навъи карнайи замони салтанати Сомониёнро эҳё намудааст.

Аз гузориши видеоии мо бо ҷараёни сурат гирифтани ин корҳо ва сабаби ба карнайсозӣ машғул нашудани дигар устоҳо шинос шуда метавонед.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.