Дар фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимзода гуфта мешавад, гимнро кормандон бояд дар тамоми чорабиниҳои расмӣ иҷро кунанд.

Шамсиддин Қурбонов, директори дармонгоҳи хусусии “Насл”-и пойтахт, яке аз ташаббускорони таҳияи гимни мазкур ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки ақидаи таҳияи гимнро вазир пешниҳод намуда, ӯ дар амалисозии он кумак кардааст.

Матни гимн аз шеъри Орзу Исоев интихоб шуда, мусиқии онро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст. Гимнро овозхони шинохта Валиҷон Азизов месарояд.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ гимни ин Донишгоҳро сароида, дар он низ худро ворисони Сино хонда буданд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.