Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Магнитогорски Русия боздошти дастҷамъии муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон сурат гирифт.

Тавре Радиои Озодӣ дар ин робита хабар медиҳад, тоҷирони бозори “Гранд”, ки дар рӯ ба рӯи масҷиди ҷомеи Магнитогорск қарор дорад, гуфтанд, теъдоди боздоштшудаҳо даҳҳо нафар ва асосан зодагони зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон буданд.

Яке аз шоҳидон бидуни бурдани номаш дар суҳбат бо телевизиони “Настоящее время” гуфтааст, “боздошт мекарданд ва ба қароргоҳи полис мебурданд. Гӯиё мо коре карда бошем. Касе дақиқ чизе намегӯяд, ки тоҷикон масъули чӣ коре ҳастанд. Хулоса, моро тафтиш доранд ва ман намедонам, чаро?”.

Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали соли нав дар маркази шаҳри Магнитогорск дар масофаи се километр аз макони фурӯрезии бинои истиқоматӣ як мусофирбари хурд таркид ва дастикам се нафарро ба ҳалокат расонд. Баъд аз он кормандони милиса ҳамроҳи нерӯҳои ОМОН дар бинои истиқоматии рақами 91, воқеъ дар кӯчаи Ленини Магнитокорск кофтукобро ба роҳ монданд.

Онҳо аз сокинон талаб карданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва ҳамзамон ба онҳо акси чанд нафареро нишон доданд.

Қобили зикр аст, ки баъди таркиш ва фурӯ рехтани бинои истиқоматӣ дар ин шаҳр яке аз фарзияҳо амали террористӣ буд. Аммо Кумитаи тафтишотӣ ин фарзияро рад кард ва гуфт, ки аз зери вайронаҳои бино осори маводи тарканда ёфт нашуд.