Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон бо пешниҳоди ҷорӣ намудани рақамҳои нави давлатии бақайдгирии автомашинаҳо бо се рақам ба Агентии “Тоҷикстандарт” муроҷиат намуд.

Хонандагон ва корбарони сомонаи “Азия-Плюс” чунин мешуморанд, ки барои ивази рақамҳои автомашинаҳо зарурате вуҷуд надорад ва аз чӣ тадбир кор гирифтанро дар ин масъала пешниҳод намуданд.

Айни замон дар Тоҷикистон намунаи рақамҳои давлатии бақайдгирии автомашинаҳо бо чор рақам амал мекунанд, ки соли 2014 ҷорӣ шуда буданд. Мутобиқи маълумоти тариқи сомонаи ВКД Тоҷикистон нашршудаи Раёсати БДА, имрӯз чунин рақамҳои бақайдгирии автомашинаҳо аллакай кофӣ нест.

То ин дам дар мавриди ин масъала қарор қабул нашуда, Раёсати БДА рақамҳои бақайдгирии намунаҳои пешинаро медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати БДА итминон медиҳад, ки агар рақамҳои нави давлатӣ ҷорӣ шаванд, рақамҳои “кӯҳна” низ дар баробари онҳо амал хоҳанд кард.

Хонандагони “Азия-Плюс”: Бо рақамҳои имрӯза метавон 4 млн. нусха тайёр кард

“Фикр мекунам, ки ин соф тиҷорат аст, - менависад хонанда Лоиқ Миров. – Вагарна чунин изҳоротро чӣ гуна метавон фаҳмид? Агар 20 ҳарфи алифбо ва рақами чорададиро истифода намоем, барои ҳар кадоме аз минтақаҳои кишвар тақрибан 4 млн. адад рақам тайёр карда метавонем. Аҳолии зиёдтарин – 3 млн. нафар дар Хатлон аст. Боз 1 млн. адад рақамҳои зиёдатӣ мемонанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар як нафар (ҳатто тифл) бояд автомашина дошта бошад!”.

Мировро сокини Душанбе Фирдавс низ дастгирӣ мекунад:

“Агар 20 ҳарфи алифбо ва рақами чорададиро барои 6 минтақаи кишвар истифода кунем, метавон беш аз 1 млн. 200 ҳазор рақам ҳосил намуд. Дар ҳамин ҳол, танҳо як ҳарфро дар рақам иваз кардан лозим аст. Ҳисоб кунед: 9999 рақамро ба 20 ҳарф зарб мезанем – ин қариб 200 ҳазор. Боз ба 6 минтақа зарб мезанем, ки рақамҳои алоҳидаи худро доранд (Душанбе – 01, Суғд – 02, Хатлон – 03 ва ғайра) – қариб 1 млн. 200 ҳазор ҳосил мешавад. Ва ин ҳам дар сурати танҳо иваз кардани як ҳарф! Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти ҶТ, ба санаи 1 июли соли 2017 шумори умумии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 436 ҳазору 444 ададро ташкил медиҳад. Саволе ба миён меояд – чӣ гуна дар ин ҳолат рақамҳо кофӣ набудаанд?”.

Фарзияи афзудани рақамҳои мавҷудаи барои автомашинаҳоро хонанда Бахтиёр Шокиров низ пешниҳод намуд.

“Як чиз нофаҳмо аст, чаро боз якчанд катак (равзана)-и минтақаро илова каран мумкин набошад, - менависад ӯ. – Яъне минтақа: - Душанбе 01, 10, 11 ..., НТМ 07, 70, 77 ..., Хатлон 03, 30, 33 ..., Суғд 02, 20, 22 ..., ВМКБ 04, 40, 44 ..., ва ғайра. Дар Маскав аввал силсилаи минтақа 77 буд, баъди ба охир расидани он,  ба боз кардани силсилаҳои 97, 99, 177, 197, 199 шурӯъ намуда, ҳозир силсилаи 777 меравад. Мо ҳам метавонем аз ин усул истифода кунем. Ба ҳамаи масъулони қабули ин қарор бо рақамҳои давлатии автомашинаҳо гуфтаниам, ки барои ин ақидаи оддиам ба ман миннатдорӣ лозим нест. Инро як саҳмам ба рушди ҷомеа шуморед”.

Ба гуфтаи Бахтиёр Шокиров, рақамҳои давлатии шӯравӣ барои он иваз шуданд, ки байнулмилалӣ набуданд ва бо ҳуруфоти кириллӣ сабт шуда буданд, лекин ивази рақамҳои ҳозираи меъёри байнулмилалӣ нофаҳмо аст.

“Раёсати БДА-и мо чандин маротиба доир ба ивази пурраи намунаи рақами давлатӣ қарор қабул мекунад. Аввал ба ҳама мегӯянд, ки рақамҳои кӯҳна низ мавриди истифода боқӣ мемонанд, лекин баъди як сол дар бораи ивази фаврии намунаҳои кӯҳна ба нав эълон дода, муҳлати ҳатмии ивази онро муқаррар мекунанд. Дар натиҷа барои ивази рақамҳо сарусадову ҳангомаҳо ва навбатпойиҳои зиёд ба вуҷуд меояд. Дар идома усули маъмул – шинос ёфтану маблағи зиёдтар пардохтан барои навбатпойи накардан сурат гирифта, шахсоне, ки рақамҳои ҷолибу хотирмон гирифтанианд, боз тариқи музояда ё шиносҳо ба харидани он оғоз менамоянд”.

Тайи 22 сол рақамҳои давлатии автомашинаҳо 4 бор иваз шуданд

То соли 1996 дар Тоҷикистон барои автомашинаҳо рақамҳои давлатии меъёри шӯравӣ истифода мешуд. Сипас рақамҳои давлатии монанд ба русиягӣ пайдо шуданд. Фарқи ягона он буд, ки дар катаки минтақа ба ҷойи «RUS» ва парчами Русия бо ҳарфҳои хурд “РТ” навишта шуда, тасвири парчам вуҷуд надошт.

Соли 2009 дар рақамҳо парчами Тоҷикистон ва рамзи автомобилӣ «TJ» пайдо шуда, рамзи (коди) минтақа дигар дар катаки (равзанаи) алоҳида навишта намешуд. Он замон ҳарфҳо нисбат ба рақамҳо хурдтар буданд.

Соли 2014 аломатҳои рақам боз тағйир ёфтанд: андозаи ҳарфҳо ба рақамҳо баробар шуд. Ҳамон сол аломатҳои нави рақамҳои чипдор барои автомашинаҳо ҷорӣ шуд, ки дар онҳо доир ба автомашина ва соҳиби он маълумот вуҷуд дошт. Он замон “Тоҷикстандарт” онро ба рӯйхати аломатҳои рақамии Тоҷикистон дохил намуд.

Дар шарҳи ҷорӣ гардидани рақамҳои чипдор ҳамон вақт “Тоҷикстандарт” қайд карда буд, ки он ба пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” мусоидат менамояд.

Лекин ба гуфтаи як манбаъ дар ВКД ҷумҳурӣ, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, иқдоми “насб”-и чипҳо ба рақамҳои автомашинаҳо хеле серхароҷот омадааст.

Барои муайян кардани рақамҳо насби таҷҳизоти иловагӣ дар камераҳои видеоӣ ва таъмини нозирони БДА бо дастгоҳҳои ҳисобкун талаб мешуд, ки дар миқёси тамоми кишвар сурат нагирифт. Айни замон рақамҳои ба автомашинаҳо додамешуда чип надоранд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.