Нон яке аз маҳсулоти хеле серистеъмол дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад: дастурхони тоҷиконро наметавон бидуни он тасаввур кард. Тоҷикон нонро ҳурмату эҳтиёт мекунанд: нонрезае аз дастурхон ба сатили партов намеравад.
Дар Рӯзи ҷаҳонии нон мо ба назди яке аз нонпазҳои маъруфи Тоҷикистон рафтем. Фариштамоҳ Ашӯрова 35 сол инҷониб ба нонпазӣ машғул аст. Ӯро раисҷумҳур ба пойтахт даъват кард. Зимни сафар ба Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон таъми чапотиро дар хонаи Фариштамоҳ чашида, ба ӯ пешниҳод кард, ки ба шаҳри Душанбе кӯчад.
Имрӯз мо нону чапотии Фариштамоҳ Ашӯроваро чашидем, ки хеле болаззат аст! Ба таваҷҷуҳи шумо гузориши видеоиро дар бораи кору зиндагии ин бонуи нонпаз пешниҳод мекунем.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.