Раҳнамоҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар истгоҳи метрои “Лесопарковая”-и хатти Бутовскии метрополитени Маскав пайдо шуданд. Дар ин бора дар шабакаи Telegram-и РБК хабар дода мешавад.

Ин манбаъ аксҳоеро нашр кардааст, ки дар он дида мешавад матн дар лавҳаҳо ва дарҳо ба забонҳои тоҷикӣ (кириллӣ) ва узбакӣ (лотинӣ) навишта шудааст. Автобусҳо аз истгоҳи Лесопарковая то маркази муҳоҷират равуо мекунанд.

Қаблан муовини шаҳрдори Маскав оид ба сиёсати иқтисодӣ ва муносибатҳои амволӣ ва замин Владимир Ефимов аз камбуди ҷиддии муҳоҷирони корӣ дар ин шаҳр хабар дода, изҳор дошта буд, ки ҳоло пойтахти Русия ба 200 ҳазор коргари хориҷӣ ниёз дорад.

Мансабдор зикр карда буд, ки дар шароити кунунӣ сохтмончиён ва корфармоёни дигар "коргаронро аз якдигар дубора мехаранд", ки ба болоравии арзиши кори муҳоҷирон боис мегардад.

Ефимов ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик маҳдудиятҳои вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия сабук карда мешаванд.

Пеш аз ин президенти Русия Владимир Путин камбуди коргаронро дар тамоми бахшҳои иқтисоди кишвар зикр карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.