Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корхонаву ташкилотҳои шаҳр сарфи назар аз шакли моликияташон дастур дод, ки дар мавсими тирамоҳу баҳори солҳои 2021-2022 дар пойтахт дарахту бутта ва гулҳои мавсимию бисёрсола шинонанд.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт, ҳамин тирамоҳ ва баҳори соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҳудуди 13 млн бех дарахту бутта ва гулҳо шинонида мешаванд.

Бо дастури раиси шаҳр, то баҳор дар пойтахт бояд ҳудуди 264 ҳазор дарахту бутта ва 12,3 млн бех гулҳо шинонида шаванд.

Ба корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории супориш дода шудааст, ки дар гирду атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2021 ва баҳори  соли 2022 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

Раисони ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба раиси пойтахт ахбор пешниҳод мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.