Сарояндаи маъруфи тоҷик Шабнами Сурайё ва овозхони афғон Қайс Улфат ду таронаи Аҳмад Зоҳирро муттаҳид ва дар як навори видеоӣ бозхонӣ карданд.

Онҳо ду суруди Аҳмад Зоҳир – “Ай, подшаҳи хубон” ва “Зиндагӣ чист”-ро якҷо месароянд.

Навори видеоӣ 24 октябр дар YouTube гузошта шуда, аллакай онро зиёда аз 180 ҳазор нафар тамошо ва 6 ҳазор кас ишораи писандида (лайк) гузоштаанд.

Корбарон ва мухлисон ин бозхониии сарояндагонро хеле хуб пазирфута, ба овозхонон изҳори миннатдорӣ кардаанд.

Овозхон Қайс Улфат айни замон дар Канада зиндагӣ мекунад. Соли 2008-ум ба фаъолияти эҷодӣ оғоз кардааст. Писари сарояндаи афғон Улфат Оҳанг аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.