Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” пас аз бозистии начандон зиёд парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Алмато-Душанбе барқарор мекунад. Фурудгоҳи байнулмилалии Алмато ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистонро аз барқарор шудани фаъолияташ огоҳ кардааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ширкати “Сомон Эйр”.

“Мо аз фурудгоҳи Алмато дар бораи барқарор шудани кори он огоҳиномаи расмӣ гирифтем. Бар асоси ин огоҳинома ният дорем, ки парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Алмато-Душанбе ба иҷро расонем. Парвозҳои ширкати мо ба Алмато ва бозпас аз он ҷо ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд. Парвози наздиктарин рӯзи 19 январи соли 2022 ба нақша гирифта шудааст”, - гуфтанд дар ширкати “Сомон Эйр”.

Дар намояндагии ширкати ҳавопаймоии Air Astana, ки ин ширкат низ бо самти Алмато-Душанбе-Алмато парвозҳо анҷом медиҳад, ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки парвозҳои онҳо тибқи ҷадвал рӯзи 16 январ дар назар аст.

“Парвоз дар ин рӯз мувофиқи ҷадвали парвозҳо ба нақша гирифта шуда, ҳоло дар он ҳеҷ тағйироте нест. Агар ягон тағйироте сурат бигирад, мусофиронро огоҳ мекунем”, - гуфтанд дар намояндагии Air Astana дар Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба рӯйдодҳои ахир дар Қазоқистон Фурудгоҳи байнулмилалии Алмато муваққатан баста шуд. Нахуст зикр шуд, ки фурудгоҳи то 10 январ баста мешавад, лекин баъдан ВАО хабар доданд, ки кори он ба муҳлати номуайян боздошта шудааст.

Пас аз ин ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо хатсайри Душанбе-Алмато-Душанбе парвозҳо анҷом медоданд, онҳоро бекор карданд. Онҳо изҳор доштанд, ки ба пурра ҷуброн кардани арзиши билет ба мусофирон ё иваз кардани билетҳои онҳо ба парвозҳои наздиктарин омодаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.