Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷиҳати ба ватан баргаштани 38  муҳоҷири тоҷики ихроҷшуда аз Русия мусоидат намуд.

Тавре ки дафтари матбуоти сафорат хабар медиҳад, 19 январ бо мусоидати Хадамоти консулии сафорат 38  шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар маҳдудиятҳои вобаста ба пандемия ва дигар сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Гуфта мешавад, зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон ба шаҳрвандон аз ҷониби сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуданд.

Сурат: сафорати Тоҷикистон дар Русия

Зимнан зикр мешавад, ки сафорат кӯшиш мекунад, ки чунин мусоидатро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои мазкур анҷом диҳад.

Ёдрас мекунем, ки дар зарфи 10 моҳи соли 2021 ВКД Русия вуруди зиёда аз 2 млн нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ба ин кишвар сабт кардааст. Гуфта мешуд, 1,6 млн нафари онҳо мақсади сафари худро ба Русия дарёфти кор зикр кардаанд. Он замон ВАО таъкид доштанд, ки ин нишондиҳанда рекорди таърихиро гузаштааст, яъне зиёдтар аз панҷ як ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон дар Русия қарор доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони расмии Тоҷикитсон аз нишондиҳандаҳои тамоман дигар ҳарф мезананд. Масалан, муовини вазир меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Шаҳноза Нодирӣ дар мусоҳиба ба хабаргузории ТАСС изҳор намуд, ки дар зарфи 10 моҳи соли 2021 зиёда аз 331 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади дарёфти кор ба Русия рафтаанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аксар вақт аз он шикоят мекунанд, ки намояндагони расмии Тоҷикистон дар ин кишвар ба онҳо дар ҳалли мушкилоти пайдошуда бо мақомоти маҳаллӣ кумак намекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.