Дар Австрия рӯзи 8 март бозингари собиқи дастаи футболи “Помир”-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон Сергей Мандреко дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора дафтари матбуоти тими “Рапид”-и Вена хабар медиҳад.

Пас аз анҷоми фаъолият ҳамчун бозингар ӯ ба ҳайси мураббӣ дар Австрия кор карда, аз соли 2017 бинобар беморӣ корашро қатъ намудаст.

Мандреко 1 августи соли 1971 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари кунунӣ) ба дунё омада, дастпарвари дастаи “Вахш” мебошад. Солҳои 1990-1992 дар ҳайати дастаи “Помир” бозӣ карда, тобистони соли 1992 аз “Помир” ба ҳайати дастаи “Рапид”-и Австрия мегузарад ва то соли 1997 дар ҳамин даста бозӣ кардааст.

Сергей Мандреко
Торнамоми расмии ДФ "Рапид"

Тобистони соли 1997 бо “Герта”-и Олмон ба муҳлати 3 сол қарордод баст. Соли 2000-ум ба тими дигари олмонии “Бохум” гузашт. Соли 2003 ба Австрия баргашта, дар дастаҳои “Маттерсбург” (солҳои 2003-2005) ва «Парндорф» (2003-2005) ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби ИДМ 4 бозӣ, мунтахаби Тоҷикистон - 1 бозӣ ва мунтахаби Русия - 1 бозӣ гузаронидааст. Ягона бозишаро дар ҳайати мунтахби Тоҷикистон 17 июни соли 1992 бо тими Ӯзбекистон (2:2) гузаронид.

Соли 1991 дар ҳайати тими мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба медалҳои биринҷии Ҷемпионати ҷаҳон (синни то 20-сола) соҳиб шуд. Ҳамон сол дар ҳайати мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ низ 2 бозӣ гузаронид.

Скриншот аз торнамои расмии ДФ "Рапид"

Футболбози маъруфи тоҷик ва дӯсти наздики Мандреко Рашид Раҳимов, ки ҳамроҳ солҳои 90-ум дар ҳайати тими “Помир” бозӣ кардаанду дар Австрия ва Олмон низ бо ҳам вомехӯрдад, дар сомонаи “Спорт день за днем” аз хотираҳояш дар бораи ӯ изҳори назар кардааст. Қобили зикр аст, ки давоми солҳои 2008-2009 Мандреко ба ҳайси ёвари Раҳимов дар “Локомотив” кор кардааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!