Аз 1 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода мактабҳои таҳсилоти умумии муштараки Русия ва Тоҷикистон, ки таълим дар онҳо бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳои худро ба рӯи толибилмон боз мекунанд.

Дар ин робита чандин нафар ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, пурсиданд, ки ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил ё кор дар ин мактабҳо ба куҷо ва бо кадом суроға пешниҳод кардан мумкин аст.

Тавре қаблан хабар дода будем, қабули ҳуҷҷатҳои омӯзгорон барои кор то 24 май ва хонандагон барои таҳсил - то 28 майи соли 2022 давом мекунад.

Ҳуҷҷатҳоро метавон ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва Кӯлобу Турсунзода пешниҳод намуд.

Барои осонтар шудани кори шумо рақами телефонҳо ва суроғаҳои шуъбаҳои маорифи ин шаҳрҳоро манзуратон мекунем.

Душанбе

Кӯчаи Мирзо Турсунзода, 27/А, (рӯ ба рӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, собиқ бинои САҲШ, ошёнаи 2-юм).

Тел: 2278910

Турсунзода

Шуъбаи маориф: кӯчаи Мирзо Турсунзода, (рӯ ба рӯи бинои ҳукумати шаҳр)

Тел: (83130) 21853, 21847

Кӯлоб

Шуъбаи маориф: кӯчаи. Исмоили Сомонӣ, 26 (дар қафои мағозаи «Равшан»)

Тел: (83322) 22690, 22691

Бохтар

Шуъбаи маориф: кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 30 (назди бозори «Фаровон»)

Тел:( 83222) 24401, 28165

Хуҷанд

Шуъбаи маориф: кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 70

Тел: (83422) 63731, 66775

Аз довталабон доштани шаҳрвандии Русия ё Тоҷикистон, донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги халқҳои Русия ва Тоҷикистон, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф талаб карда мешавад. Илова бар ин, онҳо бояд маҳорату малакаи истифодаи технологияи информатсионии муосир, истифодаи усулҳои муосири таълим ва хушмуомилагӣ бо хонандагон ва падару модарро дошта бошанд. Хуҷҷатҳои довталабон бояд бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда шаванд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук изҳор дошта буданд, ки панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 1 сентябри соли равон ба фаъолият оғоз мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.