Думаи давлатии Русия рӯзи 28 июни соли 2022 Шартнома бо Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа тасдиқ намуд. Парлумони Тоҷикистон онро 13 апрел ба тасвиб расонида буд.

Ба гуфтаи роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода, созишнома аз ҷониби Русия соли 2014 таҳия гардида, тӯли ин солҳо дар вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ниҳоят, баъди баррасии беш аз 7 сола ва 7 даври гуфутушунидҳо ин созишнома қабул шуда, баъди тасвиби порлумони Русия ин ҳуҷҷат ҳукми қонунӣ гирифт ва муҳоҷирон ҳақ пайдо мекунанд, ки аз ин кишвар нафақа гиранд.

“Азия - Плюс” тасмим гирифт, ки дар робита ба тартиби пардохт ва ҳаҷму муҳлати нафақаи муҳоҷирон маълумоти мушаххас пешниҳод кунад.

- Муҳоҷирони тоҷик барои дарёфти нафақа дар Русия чӣ кор бояд кунанд?

- Агар муҳоҷир танҳо маблағи патентро барои кор дар Русия пардохт кунад, ин маънои онро надорад, ки дар оянда ӯ метавонад дар онҷо нафақа бигирад.

Дар баробари патент, муҳоҷир бояд бо корфармо шартномаи меҳнатӣ тартиб диҳад, дар Фонди ҳифзи иҷтимоии Русия худро ба қайд гирад (суғуртаи иҷтимоӣ) ва ҳар моҳ мустақиман ва ё тавассути корфармо андози иҷтимоиро ба буҷети Русия пардохт кунад.

- Ҳаҷми нафақаи муҳоҷирони тоҷик чанд аст?

- Ба гуфтаи Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон андозаи нафақа аз ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ ва собиқаи корӣ бастагӣ дорад. Яъне ҳар қадар собиқаи корӣ бештар бошаду ба буҷети ин кишвар андози иҷтимоии бешгтар пардохт кунанд, ҳаҷми нафақаашон зиёд мешавад.

- Муҳоҷирон аз кай метавонанд, барои нафақа гирифтан худро ба қайд гиранд?

- Созишнома дар бораи нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди ба имзо расидан аз ҷониби парлумони ҳарду кишвар дар амал татбиқ мегардад.

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 13 апрели соли равон созишномаро имзо кард. Ҳоло парлумон ё Думаи давлатии Русия онро имзо накардааст. Аз палатаи поёнии парлумон ба мо гуфтанд, ки он рӯзҳои наздик аз сӯи Русия ба имзо мерасад. Баъди ба имзо расидани созишнома аз ҷониби Русия муҳоҷирон метавонанд, худро дар Фонди ҳифзи иҷтимоии Русия ба қайд гузоранд.

Сурат аз манбаъҳои боз

- Тарҳи созишнома чанд сол баррасӣ шуд?

- Дилмурод Давлатзода гуфт, ин шартнома соли 2014 аз ҷониби Русия омода шуда буд ва тӯли ин солҳо дар ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ба таъкиди ӯ, дар ин давра 7 маротиба гуфтушуниди байни масъулини Тоҷикистон ва Русия баргузор шуда буд, ки ниҳоят моҳи сентябри соли гузашта ба ин масъала нуқта гузошта шуд.

- Шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, имкони дар ин ҷо нафақа гирифтанро доранд?

- Бар асоси ин шартнома, шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ кардаанд аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад. Барои ин шаҳрванди Русия бояд дар Фонди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон худро ба қайд гузорад ва андози иҷтимоиро пардохт кунад.

- Агар шахс ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия кор кунаду андоз пардохт намояд, аз  кадом кишвар нафақа мегирад?

- Вақте шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор кунаду баъд ба Тоҷикистон омада бознишаста шавад, қисмати кор дар Русия ҳам вақти ба нафақа баромадан ба назар гирифта мешавад. Нафақаи ин нафарон ҳам аз сӯй Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Русия пардохт мешавад. Яъне аз ду тараф нафақа мегирад. Агар дар Русия зиндагӣ кунад, нафақаи Тоҷикистон ба Русия ва агар дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад, ба Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

- Шумораи нафақагирони тоҷик дар Русия ва таъиноти нафақаи онҳоро кадом ҷониб назорат мекунад?

- Хароҷот ва шумораи нафақагиронро дар Русия давлати Тоҷикистон назорат мекунад. Интизор меравад, ки дар оянда барои назорати шумора ва хароҷоти нафақаи муҳоҷирон дар Русия дар Тоҷикистон департамент ё раёсат таъсис дода шавад, ки шумораи нафақахурон дар Русияро тартиб медиҳад ва таъиноти нафақаи онҳоро назорат мекунад.

- Оё шаҳрванд дар ҳарду кишвар таҷрибаи корӣ дошта бошад, вале собиқаи кориаш барои нафақа нарасад, собиқаи кории кишвари дигар зимни ба нафақа баромадан ба назар гирифта мешавад?

- Бале, дар мавриди чӣ гуна пардохт шудани нафақа шаҳрванд озод аст. Вақте ба синну соли нафақа мерасад, метавонад, бо аризаи худ ба мақомоти дахлдори Русия ё Тоҷикистон муроҷиат кунад.

Мақомоти ҳарду кишвар собиқаи корӣ ва андозҳои пардохтнамудаи ӯро ба буҷети якдигар ба назар гирифта, ҳамчун собиқаи пурраи корӣ ҳисоб ва ба ӯ нафақа таъин мекунанд.

- Шахсе ки аз Русия ба нафақа мебарояду дар Тоҷикистон низ собиқаи корӣ дорад, андозҳои иҷтимоие, ки ӯ дар Тоҷикистон пардохтааст, дар он кишвар чӣ гуна ба назар гирифта мешавад?

- Шаҳрванд вақте ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия кор кардааст, тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки аз рӯйи собиқае, ки дар Русия дорад ва ба буҷет андози иҷтимоӣ пардохт кардааст, нафақаашро Русия таъин мекунад. Аз рӯи он собиқаие корие, ки дар Тоҷикистон дорад нафақаашро Тоҷикистон муайн мекунад. Ва ихтиёри шаҳрванд аст, ки дар кадом кишвар зиндагӣ мекунад.

Агар дар Русия зиндагӣ кунад, Тоҷикистон маблағи нафақаашро ба он кишвар мегузаронад, агар Тоҷикистон бошад, Русия нафақаро ба Тоҷикистон мегузаронад.

- Муҳоҷироне, ки пеш аз қабули ин созишнома дар Русия кор кардаанд, метавонанд нафақа гиранд?

- Раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зикр намуд, ки шартнома баъди ба тасвиб расидани парлумони ду кишвар ҳукми қонунӣ пайдо мекунад, аз ин рӯ, муҳоҷироне, ки пештар кор мекарданд, метавонанд, худро дар Фонди ҳифзи иҷтимоӣ ба қайд гиранд ва аз мақомоти  андози ин кишвар маълумот бигиранд, ки андози иҷтимоӣ супурдаанд.

- Чанде пештар Русия гуфт, ки пардохти нафақаро барои хориҷиҳо муваққатан манъ мекунад. Оё ин ба муҳоҷирони тоҷик низ дахл дорад?

- Дар робита ба ин масъала Дилмурод Давлатзода дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “аз сабаби он ки бо мо шартнома дорад, он нисбати Тоҷикистон амалӣ намешавад”.

Сурат аз манбаъҳои боз

- Агар муҳоҷир хоҳад, ки баъди нафақа баромадан дар кишвари сеюм зиндагӣ кунад, ба ӯ нафақа дода мешавад?

- Агар пас аз ба нафақа баромадан корманд тасмим гирад, ки ба кишвари сеюм, яъне на дар Русия ва на дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад, боз ҳам нафақа мегирад. Ҳисобҳо аз ҷониби кишваре, ки ӯ дар он расман кор кардааст ва нафақа додааст, ҳисоб карда мешавад.

Яъне, асоси нафақаи оянда ҳамин ҳаққи суғуртае мебошад, ки корфармо барои корманд медиҳад.

- Дар сурате ки муҳоҷири корӣ дар Русия ғайрирасмӣ кор кунад ва дар қайди Фонди ҳифзи иҷтимоӣ набошаду андоз насупорад, оё дар Тоҷикистон нафақа мегирад?

- Бале, нафақаи ӯро Тоҷикистон пардохт мекунад. Дар Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар кишвар расман кор накардаанд, ба миқдори 187 сомонӣ нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд.

Дар Русия нафақа намегирад.

- Синни нафақа дар Русия ва Тоҷикистон барои мардон ва занон чанд аст?

- Дар Федератсияи Русия синни нафақа дар айни замон барои мардон аз 65 сол ва барои занон 60 сол аст. Дар Тоҷикистон синни нафақа барои мардон 63 ва барои занон 58 сол аст.

Сурат аз манбаъҳои боз

- Ҳоло ҳадди ақали нафақа дар Русия чанд аст?

- Ҳадди ақали нафақа дар Русия мувофиқи ҳадди ақали зиндагӣ барои нафақахӯрони Русия ҳисоб карда мешавад. Ҳар як минтақаи Федератсияи Русия музди меҳнати худро дорад. Умуман, дар Русия ҳадди ақали нафақа каме бештар аз 10 ҳазор рубл аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.