Намоишгоҳи “Самимияти нав” аз 22 то 24 сентябр дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт баргузор шуд. Паёми умумии намоишгоҳ ба он бахшида шуда буд, ки санъати муосир  ва майдони муоширати ошкорои байни одамон ва сабаби муколамаи умумибашарӣ фардо чӣ гуна шуда метавонад.

Ин лоиҳа-таҳқиқоти намоишгоҳӣ дар доираи платформаи Уик-энд Артивизма» аз ҷониби Хаби эҷодии GEID созмон дода шуд. Ин аллакай дуюмин  ба ин монанд чорабинӣ дар чунин шакл аст, ки аз ҷониби GEID роҳандозӣ шуд.

Сурат: Asia-Plus

Иштирокдорони «Самимияти нав» дар давоми якуним моҳ бо масъулон ва назариячиёни санъати муосир суҳбат карданд. Барои онхо GEID давраҳои омӯзишии махсус гузаронида, дар доираи онҳо иштирокчиён аз тарзи кор бо  шаклҳои муосиртарини санъату ҳунар огаҳӣ пайдо карда, бо мавзӯи нав шинос шуданд ва барои кори худ заминаҳои назариявӣ ҷамъ карда тавонистанд.

Сурат: Asia-Plus

Дар натиҷа дар кори намоишгоҳ натанҳо тасвирҳо, балки инсталлятсияҳо (манзараҳо дар паҳно) ва аксҳо низ ба намоиш гузошта шуданд.

Сурат: Asia-Plus

“Асоси самимияти нав дар он ифода меёбад, ки одам озодии дигаронро поймол накарда, дар бораи худ ошкоро ҳарф зада метавонад. Ин парадигмаи нави ҳамкории иҷтимоӣ ба ваъдае монанд аст, ки рӯзе байни одамон созишномаи дилхоҳ рӯйи кор меояд”, - чунин тафсир мекунад Хаби GEID консепсияи намоишгоҳро.

Сурат: Asia-Plus

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.